Пентагон ҳадафи такондиҳандаи ИМА дар Украинаро ошкор кард

CC BY-SA 2.0 / Mariordo59 / Aerial view of the Pentagon, Arlington, VAЗдание Пентагона в США
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вашингтон чеҳраи аслии худро ошкор кард: пас аз изҳороти раиси Пентагон маълум шуд, ки Иёлоти Муттаҳида дар Украина чӣ мехоҳад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Изҳороти раиси Пентагон Ллойд Остин нияти Иёлоти Муттаҳида барои ворид шудан ба муноқиша бо Русия аз ҳисоби Украинаро тасдиқ кард. Дар ин бора рӯзномаи "Washington Post" менависад.
Муаллифони матлаби нашрия бар ин боваранд, ки буҳрони Украина ба бархӯрди ду қудрат табдил ёфтааст.
Пас аз ду ҳафтаи амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс Ҷо Байден, раиси Кохи сафед таъйид кард, ки ИМА ва НАТО бо Русия дар Украина ҷанг нахоҳанд кард. Амалҳои беандеша метавонанд ба оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ мунҷар шаванд.
Ҳамчунин раҳбари Амрико имкони ҷорӣ кардани минтақаи мамнуъ дар фазои Украинаро рад кард ва ваъда дод, ки нерӯҳои Амрикоро ба он ҷо намефиристад.

"Бо вучуди ин Вашингтон дар сухан ва дар амал кӯшишҳои суст кардани иқтидори артиши Русияро кард", — қайд мекунад нашрияи "Washington Post".

Аз ҷумла ҷорӣ кардани таҳримҳо, ки барои пешгирӣ аз таҳия ва тавлиди силоҳи нав ба Федератсияи Русия пешбинӣ шудаанд. Бо ҳамин мақсад Байден интиқоли манобеи энержии Русияро манъ кард.
ИМА хоҳиши суст кардани қувваҳои мусаллаҳи Русияро эълон карда, назари худро дар бораи оянда ошкор карданд. Ин, чунон ки Ҷон Кеннеди гуфтааст, "муборизаи тӯлонии торик" бо Маскав барои қудрат ва нуфуз аст.
Пештар Остин гуфта буд, ки давлатҳо мехоҳанд Федератсияи Русияро заиф кунанд. Як рӯз пеш раиси Пентагон ҳамроҳ бо вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен вориди Киев шуд ва аз ихтисоси беш аз 700 миллион доллар барои кумаки мустақим ва ғайримустақим ба артиши Украина хабар дод.
Глава МИД РФ С. Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Лавров дар бораи хатари оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт
Ёдовар мешавем, ки Вошингтон борҳо болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонии энержиро бо амалиёти вижаи Русия рабт додааст. Дар авоили моҳи март Байден фармонеро имзо кард, ки воридоти манобеи энержӣ ​​аз Русия ва ҳамчунин сармоягузории нав дар бахши энержии онро манъ мекунад.
Ин боиси якбора боло рафтани нархи бензин дар Иёлоти Муттаҳида шуд ва амрикоиҳо президенту маъмурияти ӯро интиқод карданд.
Лентаи хабарҳо
0