Путин варзишгарони Тоҷикистонро ситоиш кард

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с победителями и призёрами XXIV Олимпийских зимних игр и членами паралимпийской команды России
Президент РФ В. Путин встретился с победителями и призёрами XXIV Олимпийских зимних игр и членами паралимпийской команды России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардор баромади дастаҳои кишварҳои мухталиф дар бозиҳои зимистонаи “Мо якҷоем. Варзиш”-ро, ки дар Ханти-Мансийск баргузор шуданд, баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия паралимпиячиёни тоҷикро тими қавӣ номид. Кишвардор таъкид кард, ки барои Русия дар соҳаи варзиш ягон давлати ғайридӯст вуҷуд надорад.
Дарҳои Маскав барои ҳамкории васеъ ва созанда бо ҳар касе, ки принсипҳои варзишро қадр мекунад, бозанд.

"Мо шодем, ҳар касеро, ки варзишро бидуни табъиз ва маҳдудиятҳои сунъӣ ҳимоят мекунад, барои идеалҳои он - идеалҳои адолат, баробарӣ ва муборизаи одилона қабул мекунем", - гуфт Путин.

Ба гуфтаи президенти Русия, яке аз тасдиқи ин гуфтаҳо унвони бозиҳои зимистонаи "Мо якҷоя. Варзиш" аст, ки Маскав барои пурқувваттарин варзишгарони паралимпӣ дар Ханти-Мансийск ташкил кардааст.
"Ин як далел аст, ки варзишгарони Русия ва Беларус дар қатори беҳтаринҳо дар ҷаҳон ҳастанд, як далели мутлақ. - "Онҳо сеяки ҳамаи ҷоизаҳоро дар чемпионатҳои ҷаҳон ба даст овардаанд", - гуфт Путин дар мулоқот бо ғолибони паралимпиадаи Пекин.
Суханашро давом дода, президенти Русия гуфт, намояндаҳои Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки низ ширкат доштанд, ки пурқувват мебошанд.
Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи паралимпиҳо дар Русия иштирок мекунад
Ғолибон ва ширкаткунандагони бозиҳо дар Ханти-Мансийск қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои "Мо якҷоя. Варзиш" аз 18 то 21 март баргузор шуданд.
Аз рӯи натоиҷи мусобиқот русиягиҳо 39 медали тило, 40 нуқра ва 27 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳар кадоме аз ғолибон 4 миллион рубл, ба соҳибони медалҳои нуқра 2,5 миллион ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1,7 миллион рубл мукофот дода мешавад.
Мутахассисоне, ки дар омодагии дастаҳо иштирок кардаанд, низ қадрдонӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Путин маъмулан қабл аз сафар ба бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ бо варзишгарон мулоқот ва инчунин пас аз анҷоми мусобиқот бо ғолибон суҳбат мекунад ва ба барандагони медалҳои тило ҷоизаҳои давлатиро тақдим менамояд.
Лентаи хабарҳо
0