Нақшаи ҳукумат барои афзоиши теъдоди занони роҳбар: чӣ қадар бояд бошанд?

© Фото : пресс-служба президента РТТаджикские женщины в одежде из атласа
Таджикские женщины в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон интизор меравад, ки тайи 7 соли оянда теъдоди занон миёни хидматчиёни давлатӣ дар ҷумҳурӣ то ба 30% расонда шавад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ҷадиди давлатиро барои тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон қабул кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030"-ро қабул кард.
Ин барнома аз ҷумлаи дастуроте буд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охираш ба парлумон таъкид карда буд.
Дар доираи барномаи нав интизор меравад, ки то соли 2030 теъдоди занон миёни хидматчиёни давлатӣ ба 30% ва миёни кадрҳои роҳбарикунанда то 25% расонда шавад.
Жизнь в Ишкашиме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Деҳотиёну шаҳриҳо чӣ қадаранду мардону занон чанд нафар? Эълони таносуби аҳолии Тоҷикистон
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, ба ҳолати аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хидматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мекунад. Ӯ гуфт, аз миёни хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 4 ҳазору 518 ё худ 24,1%-ро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мекунанд, ба иттилои Давлатов, ба 5 ҳазору 764 нафар мерасад. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар зананд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳанд.
Раиси Агентии хидмати давлати назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди занони роҳбар дар муқоиса бо соли пешӣ 15 нафар зиёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0