Таҳримҳои зидди Русия ҷаҳонро маҷбур карданд, ки долларро "пинҳон" кунанд

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Сиёсати берунии кутоҳандешонаи Вашингтон қудратҳои ҷаҳониро маҷбур мекунад, ки долларро бо нақшаҳои махфӣ пинҳон кунанд, то роҳҳо ба иштибоҳ андохта шаванд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Маҳдуд кардани захираҳои молиявии Бонки маркази Русия аз тариқи таҳрим як вазъеро ба вуҷуд овард, ки пас аз он бонкҳои марказии дигар кишварҳо ба пинҳон кардани захираҳои доллар шуруъ мекунанд.
Чунин хулосаро Ян Петер Кранен, профессори донишгоҳи Гёте дар Франкфурти лаби Майн дар суҳбат бо нашрияи маҳаллии "Wirtschafts Woche" изҳор дошт.
Вай ба чунин андеша аст, ки муассисаҳои молиявӣ метавонанд аз ширкатҳои ниҳонӣ истифода баранд.

"Ин корро метавон ба таври махфӣ анҷом дод. Захираҳои асъорро пинҳон кардан мумкин аст ва бонкҳои марказӣ роҳу василаҳои пинҳон кардани ҳувияти худро дар бозори молӣ доранд", - шарҳ дод олим.

Кранен таклиф кард, ки мамлакатҳо захираҳоро ба қисмҳои хурд тақсим карда, дар бозори хусусии сармоя нигоҳ доранд. Ин соҳиби воқеии маблағҳоро пинҳон мекунад ва ҳузур дар бозорҳои молии ғарбиро нигоҳ медорад.
"Иёлоти Муттаҳида долларро дар даргириҳо бо Русия ба унвони аслиҳа истифода мекунад. Ин ба мақоми доллар ҳамчун пули асосии захиравии ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад", - хулоса кард ӯ.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета Федерации РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Матвиенко аз Чин даъват кард, ки масъалаи долларзудоии иқтисодро баррасӣ кунад
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Пустые полки в супермаркете в Мадриде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Коршинос: Гуруснагии ҷаҳон дар соли 2023 ба садҳо миллион нафар таҳдид мекунад
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.
Лентаи хабарҳо
0