Тавсеаи кумаки низомии Украина баҳонае барои сӯзонидани пулҳост

© Sputnik / СтрингерБатальон НАТО, архивное фото
Батальон НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Таҳвили аслиҳа ба режими Киев хоҳиши ИМА ва НАТО барои заиф кардани иқтидори Русия ба ҳисоби нобудсозии пурраи артиши Украина ва захираҳои онро инъикос мекунад
Украина пайваста дар муборизаи геополитикии Ғарб барои як тартиботи ҷаҳоние, ки бар "гегемония"-и Иёлоти Муттаҳида асос ёфтааст, ба "талафоти гарав"-и сарфшаванда табдил меёбад.
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА ва Ллойд Остин, раиси Пентагон рӯзи якшанбе аз Киев дидан ва бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мулоқот карданд. Ҳамзамон Остини африқоӣ-амрикоӣ аз Зеленскийи яҳудӣ бо шиори нозӣ-бандерӣ истиқбол кард ва рӯзи душанбе гуфт, ки ҳадафи "ҷанги Украинаву Русия" "заъиф кардани Русия" аст. Дар навбати худ Энтони Блинкен қайд кард, ки Украина дар ин ҷанг "муваффақ" аст.
Дастовардҳои режими Киев аз лиҳози молӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Амрикоиҳо аз тахсиси бастаи сеюми кумаки низомӣ ба Киев ба маблағи 700 миллион доллар дар як моҳ хабар доданд. Ягон муваффақияти ҳарбӣ маълум нест. Қувваҳои мусаллаҳи Украина дар тӯли ду моҳ муҳофизат ақибнишинӣ карданд ва талафоти калон доданд. Теъдоди низомиёни асиршудаи украинӣ беш аз 4000 нафарро ташкил медиҳад ва пайваста афзоиш меёбад.
Министр обороны США Ллойд Остин, госсекретарь США Энтони Блинкен и президент Украины Владимир Зеленский во время встречи в Киеве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Ғарб болои шикасти Русия дар Украина қиматгузорӣ мекунад
Таҳаққуқи иддаои бепарвои Остин - "Украина метавонад дар ҷанг пирӯз шавад" бо "таҷҳизот ва дастгирии дуруст" зери суол аст.
То вақтҳои охир танкҳои "советӣ", мошинҳои ҷангии пиёда ва системаҳои мушакии кишварҳои аврупоии НАТО, инчунин аз ҷиҳати технологӣ куҳнашудаи амрикоии “Stinger”, “Javelin” аз тарафи режими Киев “дуруст” ба ҳисоб гирифта мешуданд.
Даҳҳо мошини зиреҳпӯш ва ҳазорҳо системаи мушакии сайёр, ки ба қувваҳои мусаллаҳи Украина супурда шуда буданд, дар натиҷаи зарбаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия нобуд карда шуданд. Ва бисёр чизҳо аз ҷониби мансабдорони Ҳукумати Украина дуздида шуда, ба кишварҳои африқоӣ ҳамчун силоҳи "зиёдатӣ" равона карда шуданд.
Амрикоиҳо раванди интиқоли силоҳро ба фронт назорат намекунанд ва маҷбур мешаванд, ки талафотро бо афзоиши ҳаҷми “Lend-Lease” ҷуброн кунанд. Рӯзи 26 апрел дар пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии ИМА “Рамштайн” намояндагони 40 миллат (бо роҳбарии Остин) масъалаи "ёрии васеъ ва марговартар" ба Украинаро баррасӣ хоҳанд кард. Гузашта аз ин 20 кишвари ҷаҳон омодагии худро барои тақвияти талошҳо изҳор кардаанд.

Санҷиши тӯпхона

Фарқи байни бастаҳои дуюм ва сеюми кӯмаки низомии Амрико ба маблағи умумии 1,5 миллиард доллар (800 миллиард + 700 миллиард) дар он аст, ки силоҳи вазнин дар рӯйхат пайдо шудааст. На ҳама замонавӣ, аммо тамоюли афзоянда вуҷуд дорад.
Сафари котиби давлатии ИМА ва раиси Пентагон ба Киев барои тавофуқ дар бораи интиқоли силоҳи нав аз ҳад зиёд ба назар мерасад, ки ин гуна масоил маъмулан тавассути хатҳои бастаи иртибот ҳал мешавад. Чизи ҷиддитаре мухокима шуд. Шояд амрикоиҳо аз ҳузури афсарони аршади ИМА ва НАТО дар таҳхонаҳои "Азовстал" нигарон бошанд.
Ситуация на КПП Матвеев Курган в Ростовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Афзоиши теъдоди гурезаҳо аз Украина ва Донбасс дар Русия
Ҷаҳиши сифатӣ дар ҳамкорӣ дар мубориза бо Русия истисно нест - интиқоли M142 HIMARS MLRS ба Украина бо масофаи то 300 км ва дигар маҳсулот.
Режими Киев баназдикӣ аз Иёлоти Муттаҳида хоҳад гирифт: 1400 “Стингер”, 5500 “Ҷавелин”, 14000 мушаки зиддитакӣ, 200 зиреҳпӯш, 120 паҳпод, инчунин 90 гаубитса ва зиёда аз 140 000 хумпора.
Бритониё ният дорад, ки ба Украина 20 адад тӯпи худгард фиристад. Кохи Сафед як бастаи нави кӯмаки моҳи май ба Украинаро омода мекунад, ки тавоноии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро бо танкҳо афзоиш медиҳад.
Олмон омодааст, 100 мошини ҷангии "Мардер", ки дар солҳои 70-ум истеҳсол шудааст, то 50 танки "Леопард-1” аз захираҳои кӯҳна" ва зиреҳпӯш барои интиқоли таҷҳизот содир кунад. Канада аз 37 гаубитсаро (ба ивази пул) туҳфа кард. Чехия ва Лаҳистон гаубитсаҳои Д-30, тӯпҳои худгардӣ"Гвоздика", МЛРС БМ-21 "Град" ва танки Т-72 мефиристанд. Ҳолландия, Фаронса, Испания, Словакия Австралия, Канада ва Туркия фаъоланд.
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Коршинос: Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба Тоҷикистон ҳам таъсир кард
Аҳамият диҳед, 100-200 тӯп ё зиреҳпӯши изофӣ, ки Ғарб дар фронти 400-километрии Донбасс (аз Изюм то Гуляйпол) барои қувваҳои мусаллаҳи Украина (ҳатто агар онҳо биёянд) фарқияте нахоҳад дошт. Барои муваффақ истифода бурдани артиллерия зичии сифатан гуногуни оташ дар як километр лозим аст ва он фақат бесарнишинҳо танзим карда метавонанд.
Ин проблема аз рӯйи стандартҳои НАТО тайёр кардани садҳо тӯпчӣ ва операторони ҳавопайморо ба миён мегузорад. Дар қаламрави Лаҳистон аз 20 апрел омӯзиши мутахассисони украинӣ оид ба истифодабарии гаубитсаҳои саҳроии 155-милиметрии M777 (истеҳсоли Бритониё) ташкил карда шудааст.

Тахриби риштаи таъминот

Ду ҳавопаймои низомии нақлиётии C-17A, чаҳор ҳавопаймои нақлиётии “Boeing 747”, як ҳавопаймои нақлиётии бритониёии С-17А ва як ҳавопаймои “Ан-124-100”-и украинӣ бо аслиҳа барои режими Киев ба пойгоҳи ҳавоии Решови Лаҳистон дар тӯли 24 дақиқа расиданд. Ба навиштаи хабаргузории “Deutsche Welle,” Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ният доранд, ки дар соҳили рости Днепр, дар атрофи Киев қисмҳои нави аслиҳа ҷойгир кунанд ва ҳамчунин дар манотиқи ғарбии Украина минтақаҳои пурқудрати қалъавӣ бунёд кунанд.
Дар пасманзари фаъолсозӣ ва тавсеаи интиқоли силоҳи ғарбӣ ба Украина, “ғайринизомисозӣ”-и қувваҳои мусаллаҳ дар сафи пеш ва дар ақибгоҳи амалиёт қатъи логистика барои Русия аҳамияти хоса пайдо мекунад. Дар шаҳри Кременчуги вилояти Полтава рӯзи 24 апрел мушакҳои болдори "Калибр" як маркази муҷаҳҳаз бо аслиҳаи хориҷиро хароб карданд.
Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Русия қодир аст, ба бархӯрдҳои кунунии Ғарб тоб орад
Рӯзи 23 апрел як терминали логистикӣ бо миқдори зиёди аслиҳаи ғарбӣ бар асари ҳамлаи мушакӣ дар фурудгоҳи низомии назди Одесса тахриб шуд. Қаблан маркази логистикии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳошияи Лвов "ғайринизомисозӣ" шуд. Даҳҳо ҳамлаи мушобеҳи нерӯҳои ҳавоӣ, флоти баҳрӣ, мушакӣ ва тӯпхонаи Русия ҳамарӯза кумакҳои низомии Амрико ва НАТО ба режими Киевро коҳиш медиҳанд.
Нотаи Русия ба Иёлоти Муттаҳида дар бораи қатъи интиқол ба режими Киев бо иқдомоти шадид пуштибонӣ мешавад. Вақти он расидааст, ки иртиботот ва пулҳои нақлиётии Украина - интиқоли "беандоза"-и кӯмаки низомӣ аз Ғарбро қатъ кунем. Дар ин ҷо андаке бештар аз чил купрӯки муҳим, боз якчанд марказ ва узелҳои электрикии роҳи оҳан мавҷуданд, вале вазифа иҷрошаванда аст.
Рӯзи 25 апрел ҳушдори ҳамлаи ҳавоӣ тақрибан дар саросари Украина садо дод. Дар вилоятҳои Лвов, Виннитса, Миколаев, Харков, Днепропетровск, Полтава ва Одесса ҷаласаи рӯзонаи демилитаризатсияи нерӯҳои мусаллаҳи Украина баргузор шуд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо зарбаҳои мушакӣ дар саросари қаламрави Незалежная зеристгоҳҳои кашишӣ ва узвҳои муҳими роҳи оҳанро аз кор монданд. Поездҳо бо аслиҳаи ғарбӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украина масдуд шудаанд, аммо корҳои зиёдеро бояд кард.
Председатель Государственной Думы Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Володин мегӯяд, Украина бояд ҳамчун як давлати террористӣ эътироф шавад
Вақте ки алоқаҳои нақлиётӣ бо мамлакатҳои НАТО комилан катъ карда мешаванд, майдони манёвр дар Киев ва Вашингтон хеле танг мешавад ва эҳтимолияти сохтани мағлубгоҳҳои барои қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёд мешавад. Танҳо намояндагони бепарвои режими Киев метавонанд бо Русия бо андешаи "Ғарб ба мо кӯмак мекунад",мубориза баранд.
Аз оғози амалиёти махсуси ҳарбӣ 141 ҳавопаймо, 110 чархбол, 566 ҳавопаймои бесарнишин, 265 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 2526 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 283 мӯшакбар, 1096 тӯпхонаи саҳроӣ ва миномётҳо, инчунин 2362 воҳиди мошинҳои махсуси ҳарбӣ тахриб шудаанд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0