Тоқаев мақомашро ба Ерлан Кошанов дод

© AFP 2022 / HANDOUTКасым Токаев
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ерлан Кошанов, раиси маҷлиси порлумон аст ва инак ба ҷои президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раҳбари Ҳизби "Амонат" мешавад. Номзадии ӯро кишвардор пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аз Ҳизби "Амонат" хориҷ шуд ва мақоми раиси ин ҳизбро тарк кард.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад. Ҳамин тавр, тибқи гузориши ин манбаъ, раиси маҷлис Ерлан Кошанов раиси нави ҳизби ҳоким интихоб шуд.

"Аз имрӯз ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми раиси Ҳизби "Амонат" даст кашам. Ин иқдом рамзӣ аст. Дар ин робита ба ҳамаи шумо барои эътимод ва пуштибонӣ дар интихоботи президентӣ изҳори сипос мекунам", - гуфт Тоқаев.

Президент номзадии Ерлан Кошановро ба мақоми раиси нави ҳизб пешниҳод кард.
Ба Назарбоев мақоми нави давлатӣ дода мешавад
Бо қарори якдилонаи аъзои Ҳизби "Амонат" Ерлан Кошанов, раиси феълии маҷлис раиси ин ҳизб интихоб шуд.
Ерлан Кошанов 1 феврали соли равон раиси маҷлис шуда буд.
Президенти Қазоқистонро кӣ ва чӣ гуна муҳофизат мекунад - видео
Қабл аз ин ӯ Дастгоҳи президенти Қазоқистонро раҳбарӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0