Володин мегӯяд, Украина бояд ҳамчун як давлати террористӣ эътироф шавад

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Государственной Думы Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба бовари раиси Думаи давлатии Русия, Украина ҳамчун кишвари террористӣ эътироф шавад ва кишвардори онро бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Украина пас аз тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ алайҳи хабарнигорони рус бояд ҳамчун як кишвари террористӣ эътироф карда шавад. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар сафҳаи "Telegram"-аш хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин кӯшишҳои номуваффақ кишвардори Украина Владимир Зеленский бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

"Бо оғози ҷанг алайҳи мардуми худ Киев ба ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми осоишта дар кишварҳои дигар гузашт. Ин аст натиҷаи пуштибонӣ аз идеологияи неонасистӣ ", - гуфт дипломати рус.

Дар идома ӯ навиштааст, "бояд эътироф кард, ки Украина як давлати террористист. Зеленский бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад", - афзуд Володин ва таъкид кард, масъулони тарҳрезии ҳамла ба хабарнигорони рус "бояд муҷозот шаванд."
Генеральный директор МИА Россия сегодня Дмитрий Киселев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Миллатгароҳо қасди ҷони Киселёв ва Симонянро доштаанд
Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин қайд кард, ки "он чӣ рух дод, дурустӣ ва саривақтӣ будани оғози амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия дар Украинаро собит мекунад".
Қаблан аъзои боздоштшудаи гурӯҳи миллатгароҳо ҳангоми бозпурсӣ, ки навори он аз ҷониби ФСБ-и Русия паҳн шудааст, гуфта буданд, қасди анҷоми куштори рӯзноманигор Владимир Соловёвро доштанд ва ҳамзамон ҳамла ба дигар намояндагони маъруфи Русияро баррасӣ кардаанд.
Дар байни нафароне, ки бояд кушта мешуданд, номи Дмитрий Киселев, Олга Скабеева, Евгений Попов, Маргарита Симонян ва Тигран Кеосаяян низ зикр шудааст.
Лентаи хабарҳо
0