Додситонии кулли Арманистон шикоёти алайҳи Пашинян ба ин ниҳод воридшударо таҳқиқ мекунад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Армении Никол Пашинян на неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ
Премьер-министр Армении Никол Пашинян на неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Додситонии кулли Арманистон иддаои бархе аз шаҳрвандон дар бораи кӯтоҳии Пашинян дар ҷиҳати ҳифзи Қарабоғ дар дохили Арманистонро месанҷад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Додситонии кулли Арманистон аз вуруди шикояти наздикони сарбозони армание, ки дар ҷанги Қарабоғ кушта шуданд, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин шикоят алайҳи Никол Пашинян аст, ки дар он иддао мешавад, алайҳи ӯ мутобиқи чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан парванда боз гардад.
Феълан Додситонии кулли Арманистон дастури баррасии ин муроҷиат аз ҷониби муфаттишонро содир кардааст.
Қаблан Артур Давтян, додситони кулли Арманистон изҳор карда буд, ки ин шикоят алайҳи Пашинян набояд ба парвандаи ҷудогона табдил ёбад, балки бояд дар доираи парвандаи ҷиноие, ки ҳанӯз соли 2021 бо шикояти роҳбари пешини Ситоди кулли Амрманистон Мовсес Акопян боз шуда буд, баррасӣ шавад.
Интервью с президентом Армении Арменом Саркисяном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Президенти Арманистон расман истеъфо дод
Дар чаҳорчӯби ин парванда иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои раҳбарияти низомию сиёсӣ дар ҷараёни низои Қарабоғ дар тирамоҳи соли 2020 таҳқиқ мешавад.
"26 апрел ба Додситонии кул дархости ҷудогона дар бораи айбдорбудани сарвазир Никол Пашинян аз рӯи моддаҳои "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ", "хиёнат ба давлат", "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноии муштарак ворид шуд. ...Аризаро додситонӣ барои баррасӣ ба муфаттишон ирсол кардааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Илова бар ин додситон ба Кумитаи мубориза бо фасод дастур додааст, ки низомиёни фавтидаро ҷабрдида ва наздикони онҳоро ворисони ҳуқуқии қурбониён эътироф кунанд.
Ёдрас мекунем, моҳи ноябри соли 2020 раҳбари собиқи Ситоди кулли Арманистон оқои Акопян раҳбарияти низомию сиёсии кишварро дар иштибоҳҳои зиёд дар ҷараёни ҷанг дар Қарабоғ муттаҳам кард.
Трёхсторонняя встреча президентов России, Азербайджана и Армении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Дар солгарди оташбаси Қарабоғ Путин бо Пашинян ва Алиев мулоқот мекунад
Дар охири моҳи сентябри соли 2020 дар Қарабоғи Кӯҳӣ амалиёти ҷангӣ аз сар гирифта шуд, ки ба муноқишаи тӯлонӣ табдил ёфт ва боиси талафоти ҷонӣ гардид.
Бо миёнҷигарии Маскав Озарбойҷон ва Арманистон 10 ноябр дар бораи оташбаси комил ва табодули асирону ҷасадҳои кушташудагон ба тавофуқ расиданд. Ереван ҳамчунин вилоятҳои Келбаҷару Лочин ва як қисми вилояти Ағдамро, ки аз соли 1994 то кунун зери назорати Ҷумҳурии Худхондаи Қарабоғ буд, дар ихтиёри Боку гузошт.
Илова бар ин дар минтақа нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақар шуданд.
Лентаи хабарҳо
0