Эътирози марзбонони эронӣ ба рафтори нодурусти марзии толибон

Военнослужащие Ирана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти устони Хуросони Разавии Эрон ахиран эълом кардаанд, ки марзбонии Эрон нисбат ба рафтори нодурусти марзии толибон дар Дуғорун эътироз намудаанд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Муртазои Муҷаррадӣ, раиси Идораи транзитии роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии устони Хуросони Разавӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА хабар додааст, ки дар пайи вуруди мошинолоти роҳсозӣ аз сӯйи толибон ба маҳдудаи марзии Дуғорун - Исломқалъа дар Тоибод марзбонии Эрон нисбат ба ин рафтори нодурсти марзбонӣ эътироз кардаанд.
Вай афзуд, вазъияти фаъолият ва боз будани марзи Дуғорон дар ояндаи наздик аз сӯйи марзбонии Эрон мушаххас мешавад ва эълом хоҳад шуд.
Муртазо Муҷаррадӣ ҳамчунин гуфт, бар асоси эъломи марзбонии Эрон, феълан ҳеҷ аз новгони борӣ ба самти марзи Эрон раҳсипор намешавад.
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Эрон: Толибон аз таъмини амният дар Афғонистон оҷиз мондаанд
Марзи Дуғоруни Тоибод дар Хуросони Разавӣ ахиран ба далели бархе рафторҳои муғойири усули марзбонӣ баста шуд, ки пас аз музокироти анҷомшуда ин марз бозгушоӣ шуд.
Маркази шаҳристони 120-ҳазорнафарии Тоибод дар 228-километрии ҷанубу шарқи Машҳад воқеъ аст.
Бояд гуфт, тайи чанд рӯзи ахир дар марзи Эрону Афғонистон чанд муноқишаи марзӣ сурат гирифт, ки боиси нигаронии мақомоти Эрону ҳукумати муваққати толибон дар Афғонистон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0