Лавров аз хатарҳои ҷанги ҳастаӣ гуфт - видео

Обуна шудан
Сергей Лавров гуфт, ҳоло нафароне ҳастанд, ки ба таври сунъӣ таҳдиди ҷанги ҳастаиро зиёд мекунанд, аммо хатари рушди чунин ҳодисаҳо вуҷуд дорад
Хафвҳои ҷанги ҳастаӣ ҳоло хеле муҳиманд, ин хатарро набояд нодида гирифт, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо "Шабакаи аввал".
Ҳамзамон вазир қайд кард, шумораи зиёди онҳое ҳастанд, ки омодаанд, ин таҳдидро ба таври сунъӣ афзоиш диҳанд.
Лавров ёдовар шуд, ки дар моҳи январи соли 2022 кишварҳои “панҷгонаи ҳастаӣ” (таҳ – Британияи Кабир, Чин, Русия, ИМА, Фаронса) тезисро дар бораи қобили қабул набудани истифодаи ин силоҳ тасдиқ карданд.

"Ман аслан намехоҳам, ки ин хатарҳо ба таври сунъӣ афзоиш ёбанд ва дигар хоҳишмандон зиёд ҳастанд. Хатар ҷиддӣ, воқеӣ аст, онро нодида гирифтан мумкин нест", - қайд кард роҳбари ниҳоди дипломатии Русия.

Сергей Лавров ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои ғарбӣ ба эъзоми нерӯҳояшон ба Украина иҷоза нахоҳанд дод.
"Ман бори дигар таъкид мекунам: мо чунин ҳис дорем, ки Ғарб мехоҳад, Украина ҷангро идома диҳад, чунон ки онҳо фикр мекунанд, артиши Русия ва комплекси ҳарбӣ-саноатии Русияро фарсуда ва хаста кунанд, ин як хаёл аст", - гуфт Лавров.
Лавров: Русия ба фош кардани иғвоҳои минбаъда ба мисли Буча идома медиҳад
Вазир ба чунин хулоса омад, ки дар ҳеҷ як шароит ба Ҷанги сеюми ҷаҳон роҳ додан мумкин нест.
Вай ҳамчунин қайд кард, маҳз дар ҳамин замина онҳо иғвоҳои доимии раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ва тими ӯро, ки "ворид кардани нерӯҳои НАТО барои ҳифзи ҳукумати Украина"-ро талаб мекунад, баррасӣ менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0