Песков шарти азсаргирии интиқоли газ аз Русия ба кишварҳои аврупоиро гуфт

© Sputnik / СтрингерГазодобывающее предприятие
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Лаҳистон ва Булғористон аз пардохти пули гази русӣ бо рубл сарпечӣ карданд ва дар интиқоли ин навъ сӯзишворӣ аз Русия ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Пардохти пули газ бо рубл барои аз сар гирифтани интиқоли он аз Русия асос хоҳад шуд, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Ширкати "Газпром" аз 27 апрел интиқоли газро ба ширкати "Булгаргаз"-и Булғористон ва PGNIG-и Лаҳистон ба далели пардохт накардани пули газ бо рубли русӣ мутаваққиф кардааст. Ширкат инчунин ният дорад, ки транзит ба кишварҳои сеюмро коҳиш диҳад, агар Булғористон ва Лаҳистон бидуни иҷоза аз ҷараёни транзитӣ газ гиранд.

"Аслан пардохт дар шакли мувофиқшуда метавонад ҳамчун асос ба идомаи интиқоли он гардад", - гуфт Песков.

Қаблан Лаҳистон ва Булғористон изҳор карда буданд, ки нақшаи харидории газ бо рублро надоранд.
Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Қимати газ дар Аврупо ба беш аз 1500 доллар расид
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанновариро ҷорӣ карданд.
Дар вокуниш ба ин амалҳо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки пардохтҳои газро бо кишварҳои ғайридӯст бо рубл ба роҳ монанд.
Дар баробари ин хаҷми таъминот, нархҳо ва принсипҳои нархгузорӣ бетағйир боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0