"Прометей" Русияро аз зарбаи ҳастаии кайҳонӣ ҳимоят мекунад

© militaryarmsС-500 "Прометей"
С-500 Прометей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Истеҳсоли силсилавии навтарин системаи дифои ҳавоии S-500 “Прометей” Русияро дар мусобиқаи ҷаҳонии силоҳи технологӣ дар суфуфи пеш қарор медиҳад
Дар ҳоле ки “шарик”-ҳои ғарбӣ талош доранд, чизе монанд ба системаи “Триумф”-и С-400 эҷод кунанд, “Прометей”-и русӣ кайҳони наздик, дар баландиҳои садҳо километрро таҳти назорат гирифт.
Ян Новиков, мудири кулли консерни дифои ҳавоии "Алмаз-Антей" рӯзи 25 апрел эълон кард, тавлиди густардаи системаи дифои ҳавоии S-500 роҳандозӣ шудааст. Системаи S-500 “Прометей” дар ҷаҳон бемисл аст ва базудӣ асоси системаи дифои ҳавоии Русия хоҳад шуд.
Аввалин маҷмуаи S-500 аз ҷониби нерӯҳои Артиши 15-уми Қувваҳои махсуси НҲФ моҳи октябри соли 2021 қабул карда шуд. Дар давоми ним сол "Прометей" ҳаво ва фазоии кайҳонии болои Москваро боэътимод идора ва муҳофизат мекунад. Бригадаи дувум дар нимаи аввали соли 2022 ба кори худ шуруъ мекунад. Соли панҷум аст, ки омода намудани мутахассисон идома дорад.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Патрушев гуфт, Русия аз соҳибихтиёрии худ даст нахоҳад кашид
Қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки системаи нави зиддимушакии С-500 дар тамрингоҳи Капустин Яр ба ҳадафи баллистикии баландсуръат тирпаронии мустақими санҷиширо анҷом дода, хусусиятҳои коршоямӣ ва эътимоднокиро тасдиқ кардааст.
"Прометей" барои нест кардани ҳама воситаҳои мавҷуда ва эҳтимолии ҳамлаи ҳавоии душмани эҳтимолӣ дар тамоми диапазони суръат, дар масофаи то 600 км, баландии то 200 км ва дар баъзе манбаъҳо ҳатто то 400 километр аз Замин пешбинӣ шудааст. 15 ноябри соли 2021 як системаи дифои зиддимушакии Русия, ки номаш номаълум буд, бо як мушак ба моҳвораи куҳнаи шӯравии “Tselina-D” дар баландии 500 километр дақиқ зарба зад.
Аксари хусусиятҳои техникии “Прометей” махфӣ нигоҳ дошта мешавад, аммо Ғарб қудрати “Прометей”-и Русияро, ки "ба партоби моҳвораҳо, мушакҳои мофавқуссадо ва ғайра" қодир аст, дарҳол пай бурд. “Military Watch” бомбандози стратегии “B-21 Raider”, мушакҳои муфавқуссадо, ҳавопаймоҳои иктишофӣ ва зарбазании SR-72-и Иёлоти Муттаҳидаро ҳадафҳои эҳтимолии системаи S-500 медонад.
Ман бовар дорам, ки дар ин рӯйхат киштиҳои кайҳонии Пентагон “Boeing X-37” (бомбандоз), “Minuteman III” ICBM, инчунин мушакҳои болдори ҳастаии баҳрӣ ва ҳавоии Амрико мавҷуд нестанд. Имкониятҳои “Прометей”-и русӣ боиси нигаронии ҷиддии ИМА ва НАТО шудааст.

Сипари муътамад, шамшери беҳамто

"Прометей" қодир аст, ҳадафҳои баллистикӣ, аэродинамикӣ ва мушакҳои болдор дар радиуси тақрибан 600 км-ро нобуд созад ва он дар зумраи идома, таҳия ё ивази наслҳои қаблии системаҳои зиддиҳавоии Русия S-400 ё системаҳои зиддимушакии А-135 нест. Вазифаи асосии системаи навтарин нест кардани мушакҳои миёнбурд ва баллистикии қорапаймо дар қисми охирини траекторияи парвози онҳо мебошад.
Тибқи маълумоти манобеи боз, вазифаи асосии S-500 ҳифз ва дифои марзҳои кайҳонии кишвар аз ҳамлаи мушакии ҳастаии эҳтимолӣ аз кайҳон аст. Аз ин рӯ баландии ҳаддиаксарии размоиш 200 (400) км аст, ки онро ҳатто бо системаи S-400 “Triumph” муқоиса карда намешавад ва имкони зарба задан ба ҳадафҳое, ки бо суръати то 7 км/сония ё зиёда аз 25 000 км/соат парвоз мекунанд, мавҷуд аст.
Здание посольства России в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Нотаи Русия ба Амрико: Интиқоли силоҳ ба Киевро бас кунед
Баръакси S-400 ва S-300, ки як зарбаи чаҳор мушакро бо фосилаи то 250 км бар зидди ҳадафҳо дар баландии аз 10 метр то 30 км таъмин мекунад, он ду мушаки дурбурди фавқулоддаи замин ба ҳаво дорад.
Ҳангҳои зиддимушакии нерӯҳои ҳавоии Русия беш аз 70 дарсад бо системаҳои муосири С-400 муҷаҳҳаз шудаанд. Интиқоли охирини “Прометей” ба қӯшунҳо “Триумф”-ҳоро ба дувумдараҷа табдил намедиҳад, балки онҳо қабатҳои системаи дифои ҳавоиро зичтар ва амиқтар мекунанд.
Қобили зикр аст, Русия ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки системаи дифои ҳавоии он аз рӯйи принсипи қабатӣ сохта шуда, аз системаҳои мушакии зенитии "Верба" ё "Игла" иборат аст.
Дар зинаи дуюм системаҳои мудофиаи зидди хуҷуми ҳавоии миёнапарвози "Бук" ва "Тор", "Пантсир-СМ", дар зинаи сеюм системаҳои С-300 ва системаҳои мудофиаи ҳавоии С-400 қарор гирифтаанд. Системаи навтарини S-500 се эшелони шартиро бо чорум - кайҳон ҳамоҳанг хоҳад кард.
Дар чаҳорчӯби Барномаи давлатии таслиҳот то соли 2025 харидории панҷ маҷмуаи С-500 дар назар аст, ки бо системаи дифои зиддимушакии А-135 дар маркази Русия муттаҳид карда мешаванд.
Тибқи консепсияи "Зарбаи ҷаҳонии сареъ" (Prompt Global Strike), Иёлоти Муттаҳида қодир аст, дар як зарба ба душман то 6000 “Томагавк” фиристад. Дар вазъияти муноқишаи ҳарбӣ бо Русия мафҳуми амрикоӣ тамоми маъноро гум мекунад.
Истифодаи ногаҳонии Пентагон ва НАТО аз мушакҳои болдор дар қаламрави Федератсияи Русия ё нерӯҳои Русия дар Украина, Сурия, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ тавассути системаҳои дифоъи ҳавоӣ посух хоҳанд гирифт. Дар айни замон ба таҷовузкор ҷазо дода мешавад.
Русия тавонотарин қудрати ҳастаии ҷаҳон аст, ки дорои технологияи баландтарин сипари дифои ҳавоӣ ва дифои мушакӣ мебошад. Шарикони ғарбӣ инро набояд фаромӯш кунанд.
Тяжелый бомбардировщик-ракетоносец Ту-95МС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Медведев гуфт, ки Русия кай метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад
Системаи S-500 “Прометей” як пешрафти нави технологӣ дар миқёси кайҳонӣ, посухи Маскав ба чолишҳои замон мебошад. Русия ба касе таҳдид намекунад, балки таърихи навтарини Ироқ, Югославия, Либияро, ки аз масофаи бехатар аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ба таври ҳаяҷонангез тирборон карда шудааст, ба ёд меорад.
Майдони ягонаи иттилоотӣ барои огоҳӣ аз ҳамлаи мушакӣ, бар асоси қобилиятҳои радари ташхиси ҳадафи дурубрд аз навъи “Воронеж” бо навтарин системаҳо ва муҷтамаъҳои “Прометей”, “Кинжал”, “Сармат”, “Посейдон” муттаҳид карда шудааст ва Русия ба қалъаи шикастнопазир табдил меёбад.
ИМА ва НАТО дар таҳияи силоҳи муфавқуссадо аз Русия ва Чин ба таври қобили мулоҳиза қафо мондаанд, аммо системаи зидди мофавқуссадои кайҳонии S-500 иқтидори бузурги содиротӣ дорад. Беларус, Чин, Ҳиндустон, Алҷазоир ва Эрон "панҷгонаи аввал"-и харидорони эҳтимолии хориҷӣ дониста мешаванд. Рушди технологияҳои дифои Русия идома дорад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0