Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин: Мушкилот дар Украина баъд аз кудето дар соли 2014 оғоз шуд

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки мушкилоти Украина баъд аз кудето ё табодулоти давлатӣ, ки дар соли 2014 сурат гирифт, оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо дабири кулли СММ Антонио Гутерриш гуфт, ки тамоми мушкилоти Украина пас аз табаддулоти ғайриқонунии соли 2014 оғоз шуд.
"Ман аз нигаронии шумо аз амалиёти низомии Русия дар Донбасс, дар Украина хабар дорам. Фикр мекунам, ки ин мавзуъ меҳвари суҳбати имрӯзи мо хоҳад буд. Дар ин робита танҳо мехоҳам қайд намоям, ки тамоми мушкилот дар Украина пас аз табаддулоти давлатӣ дар соли 2014 оғоз шудааст. Ин як далели рӯшан аст. Инро метавонед ҳар чӣ бигӯед... аммо ин воқеан табаддулоти зиддиконститутсионӣ буд", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, ки Антони Гуттериш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид вориди Маскав шуд. Дабири куллии СММ бо роҳбари Русия масоили Украинаро баррасӣ кард.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар бораи сарнавишти ҷангҷӯён дар "Азовстал" гуфт
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0