Қарзи андози ташкилоту идораҳои шаҳри Левакант бештар аз 31 миллион сомонӣ будааст

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост , архивное фото
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти андози шаҳри Левакант вилояти Хатлон эълон кардаанд, ки қарзи андози ташкилоту идораҳо 31 миллиону 402 ҳазор сомониро ташкл медиҳад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шералӣ Бекмирзоев, мутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андози шаҳри Левакант ба рӯзномаи “Фараж” хабар додааст, ки аз 31 миллиону 402 ҳазор сомонии қарзи андози ташкилоту идораҳои шаҳр 28 миллиону 939 ҳазор сомониаш қарзҳои мушкилситон мебошад.
Вай гуфт, то якуми апрели соли равон дар шаҳр бақияи қарзи андоз 2 миллиону 463 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисибати аввали сол 130 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

“Аслан қарз аз ҳисоби корхонаҳое мебошад, ки амволашон дар шаҳр мебошаду худашон тамоман фаъолият надоранд. Масалан ҶДММ “Хишти Беҳзод”, ҶДММ “Хонасоз”, ҶДММ “Ховар”, ҶДДМ “Раҳмат” аз ин гунаанд”, - афзуд ӯ.

Шералӣ Бекмирзоев илова кардааст, ки барои баргардондани қарзҳо мақомот аз тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба ҳукумтаи шаҳри Левакант ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд, аммо бо сабаби фаъолият накардани корхонаҳо ва ё дар маҳбас будани соҳибмулоконашон наметавонанд маблағи қарзро ситонанд.
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2020
Дар вилоти Хатлон қарзи андоз ба беш аз 191 миллиону 845 ҳазор сомонӣ расид
Вай бо нигаронӣ гуфт, ба ҷуз бақияи қарзи андоз дар шаҳри Левакант қарзҳои мушкилситон 28 миллиону 939 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ки аз он 15 миллионаш фоизи қарзҳост.
Мутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андози шаҳри Левакант афзуд, қарзҳои мушкилситон бештар аз ҶСП “Тоҷиказот” (беш аз 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ), “Ховар” (3 миллиону 890 ҳазор) ва ба ин монанд КИ “Гулистон” ва “Дилшоди Афғон” мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0