"Эҳтиёт кунед": тавсияи Қирғизистон ба Туркия барои фурӯши "Байрактар" ба Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБеспилотник Bayraktar TB2, архивное фото
Беспилотник Bayraktar TB2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Дар пасманзари хабарҳо дар бораи таҳвили техникаи ҳарбӣ аз Туркия ба Тоҷикистон вакилони Қирғизистон ин масъаларо ба баҳс кашиданд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мирлан Самийкоҷо, вакили парлумони Жогорку Кенеши Қирғизистон аз Ҷээнбек Кулубоев, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон пурсид, ки оё Туркия воқеан қасд дорад, ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар ​​ТБ-2" бифурӯшад?
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон менависад.
Қаблан расонаҳо иттилое нашр карда буданд, Тоҷикистон низ ба феҳристи кишварҳое ворид шудааст, ки бо ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ таъмин хоҳанд шуд.
Бино ба гузоришҳо, Анкара ва Душанбе дар мавриди интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба мувофиқа расидаанд, аммо шартҳои ин созишнома ифшо нашудааст.
Кулубоев дар посух ба суоли вакил гуфт, мақомоти Қирғизистон низ чунин маълумот гирифтаанд ва ба ҷониби Туркия тавсия додаанд, ки дар ин вазъ эҳтиёткортар бошанд, зеро то ҳол масъалаи марз бо ҳамсояҳо ҳал нашудааст.
"Мо гуфтем, ки дар фурӯши аслиҳа ба ҳамсояҳо эҳтиёткор бошед. Мегӯянд, ки ин тиҷорат аст, ҳамкориҳои низомиву фаннӣ афзоиш хоҳад ёфт. Мо маълумоти пурра мегирем ва бо ҷониби Туркия суҳбат мекунем. Бино ба хабарҳо, онҳо воқеан нақша доранд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро фурӯшанд, аммо ҳоло мо мушаххас мекунем, ки чӣ қадар ва ба кадом маблағ", - гуфт иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷаи Қирғизистон.
Турецкий и таджикский флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Созиши Тоҷикистон бо Туркия барои ҳамкории низомӣ
Қирғизистон соли гузашта аз Туркия чунин ҳавопаймоҳои бесарнишин харидорӣ карда буд.
Ёдрас менамоем, ахиран маълум шуд, ки Тоҷикистону Туркия дар масоили ҳифзи сарҳад ва мубориза бо терроризм табодули таҷриба мекунанд.
Созиш дар мавриди ҳамкории низомӣ зимни мулоқоти Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои туркаш Ҳулуси Акар, ки дар Анкара баргузор шуд, ҳосил гардидааст.
Вале ҷузъиёти ин созиш ошкор карда нашуд.
Лентаи хабарҳо
0