Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфои Рустам Хоҷаевро қабул накард

Рустам Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷонибҳо созиш кардаанд, ки Рустам Хоҷаев дар мақоми сармураббии дастаи "Хуҷанд" то оғози мавсими тобистонаи равзанаи трансферӣ кор хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфои сармураббии даста Рустам Хоҷаевро қабул накарда, барои идомаи кор бо ӯ созиш кардааст.
Тибқи иттилои бошгоҳи "Хуҷанд", ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, аз рӯи шартнома, то оғози мавсими тобистонаи трансферӣ, ки 2 июл шуруъ мешавад, Хоҷаев дар мақомаш кор мекунад.
Рустам Хоҷаев ахиран аз мақоми сармураббигии бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфо дод, ки ин нахустин чунин ҳолат дар мавсими нави футбол буд.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, барои худаш чунин хулоса баровард, ки истеъфо диҳад, зеро вазъияти даста вазнин нагашта, ягон мураббии дигар онро ба сатҳи баландтар бардорад.

"Чунин вазъияте аст, ки ман биравам, шояд хубтар шавад. Мураббии дигар биёяд, бозигарон шояд дигар шаванд, муносибаташон тағйир ёбад ва сатҳи даста боз баландтар гардад", - таъкид кард Хоҷаев.

Ёдовар мешавем, Рустам Хоҷаев ба "Хуҷанд" январи 2021 омада буд. Ӯ аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо ин тим Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.
 Офисе Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Ду бошгоҳи футбол дар Тоҷикистон муҷозот шуданд: сабаб
Дар мавсими 2020 Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд ва бо рафтани ӯ ба раҳбарии даста баромад.
Ӯ 49 сол дошта, солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0