Русия аз Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ хориҷ шуд: ВУХ таъйид кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксМинистерство иностранных дел России
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури хориҷӣ тасдиқ кард, ки Русия аз Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ (UNWTO) хориҷ мешавад. Дар ҳоли ҳозир раванди хориҷ кардани Русия роҳандозӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия тасдиқ кард, ки Федератсияи Русия аз Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ (UNWTO) хориҷ мешавад.
Ба гуфтаи ин ожонс, дар ҳоли ҳозир бо ибтикори дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ Зураб Пололикашвили ва бо пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо раванди хориҷ кардани Русия аз Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ роҳандозӣ шудааст.
Вазорат қайд мекунад, ки Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ воқеан дар монополияи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор дорад, ки онро ба манфиати худ истифода мебаранд ва дар ин созмон тасмими сиёсӣ "пешбурда мешавад", ки Маскав онро як иқдоми ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.
"Ҷониби Русия идомаи кор дар UNWTO-ро, ки раҳбарияти он сиёсӣ шудани фаъолияташро маъкул дониста, табъиз нисбат ба кишвари моро ошкоро ҷонибдорӣ мекунад, мувофиқи мақсад намедонад. Дар робита ба ин Федератсияи Русия тасмим гирифт, ки аз Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ хориҷ шавад", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия Шӯрои Аврупоро дар бораи хуруҷи Федератсияи Русия аз ин созмон ва лағви Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар огоҳ карда буд.
Муовини раиси Думаи давлатӣ, раҳбари ҳайати Русия дар ин созмон Петр Толстой таъкид кард, Русия аз Иттиҳодияи Аврупо бо хоҳиши худ хориҷ мешавад, ки ин як тасмими мутавозин ва андешамандона аст.
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, Маскав 4,2 миллиард рублеро, ки дар ҷиҳати ҳаққулузвият дар ин шӯро сарф мекард, барои тақивияти иқтисоди Русия масраф хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки Русия тӯли 26 соли ахир узви ин шӯро буд.
Лентаи хабарҳо
0