Қирғизистон хабарҳо дар мавриди манъи Иди Фитрро рад кард

© AP / Mark SchiefelbeinМусульмане собираются у мечети Нюцзе перед началом молитвы Ид-аль-Фитр в Пекине
Мусульмане собираются у мечети Нюцзе перед началом молитвы Ид-аль-Фитр в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон хабарҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар дар мавриди манъи забҳи чорвою Иди Фитрро бепоя хонд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон таҷлили Фитр ва забҳи чорво дар ин рӯзро мамнуъ накардаанд.
Ин нуктаро Эрбол Султонбоев, сухангӯи раисҷумҳури Қирғизистон дар вокуниш ба хабарҳои паҳншуда дар ин бора таъкид кардааст.
Султонбоев изҳор доштааст, ки хабарҳои паҳншуда дар мавриди манъи забҳи чорвою Иди Фитр иғвоангезона буда, бепоя мебошанд.
Таъкид шудааст, ки дар Қирғизистон низ таҷлили Иди Фитр рӯзи 2 май дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ бо имзои як қарор рӯзи баргузории Иди Рамазонро расман 2 май муқаррар кардааст.

"Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба 2-юми май рост меояд", - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Вақти баргузории намози Ид соати 6:00 муқаррар шудааст.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дар бар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Ташкили барномаҳои идона ба муносибати Иди Рамазон дар Суғд
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам мешавад. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Лентаи хабарҳо
0