Таҳияи барнома ва азми Тоҷикистон барои тавлиду густариши истифодаи электромобилҳо

© Sputnik / Алексей МальгавкоДевушка за рулем автомобиля, архивное фото
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дигарбора лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҷумҳуриро бо назардошти пешниҳодҳои ниҳодҳои дигар баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Лоиҳаи "Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид, хабар дод ожонсии "Ховар" аз қавли Азим Иброҳим, вазири нақлиёти ҶТ.
Ба иттилои вазири нақлиёт, лоиҳаи барнома аз 9 боб иборат буда, ҳадафи асосии он роҳандозии истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда мебошад.
Васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист аз ҳадафҳои дигари барнома мебошанд, таъкид намудааст Азим Иброҳим.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дорои захоири бузурги энергетикӣ буда, рушди истифодаи электромобилҳо иқтисоди ҷумҳуриро аз таъсири гароншавии нархи маҳсулоти нафтӣ дур нигоҳ медорад.
Электромобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард
Ин дар ҳолест, ки ахиран вакилони парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози кишварро ҷонибдорӣ карда, воридоти бидуни боҷи гумрукии нақлиёти барқиро иҷозат доданд.
Ҳамакнун бар асоси ин тағйирот, воридоти электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо ба кишвар ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод аст.
Дар ҷаласаи парлумон таъкид шуда буд, ки бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ озод мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0