"Уралские авиалинии" парвозҳо ба чор кишварро лағв кард: Тоҷикистон дар рӯйхат аст?

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСамолет Airbus A320 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Феълан маълум нест, ки чаро ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" парвозҳо ба се кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистонро мутаваққиф кард
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" парвозҳо самти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баст. Дар ин бора дар сомонаи ширкати мазкур хабар дода шудааст.
Ба гузориши манбаъ, дар баробари Ӯзбекистон ин ширкат парвозҳоро ба Арманистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон низ масдуд кардааст.
Дар сомона танҳо замони масдуд шудани парвозҳо ва то кай идома ёфтани ин маҳдудият зикр шудааст. Дар мавриди сабаби парвоз накардани ҳавопаймоҳои ширкати "Уралские авиалинии" ба ин чор кишвар чизе гуфта нашудааст.
Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Билет арзон мешавад? Русия барои ширкатҳои ҳавопаймоияш 100 млрд. рубл ҷудо мекунад
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки парвоз ба Ӯзбекистон то 29 -уми октябри соли ҷорӣ сурат намегирад. Ҳамзамон ин ширкат ба Арманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон низ то ҳамин муҳлат парвоз нахоҳад кард.
Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое, ки то моҳи октябри соли равон аз хидматрасонии "Уралские авилинии" маҳрум мондаанд, дохил нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистону Русия парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" ба таври куллӣ лағв ва ё ба таъхир афтоданд.
Ногуфта намонд, ки қариб 80 фисади парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистонро маҳз ҳамин ширкат анҷом медиҳад.
Қаблан дар кори ин ширкат чунин мушкилӣ рух дода буд ва намояндагони "Уралские авиалинии" далели онро ба таҳримҳо алайҳи Русия рабт медоданд.
Лентаи хабарҳо
0