Дар Душанбе пулчинакро барои лабукӯби роҳгузар ҷарима карданд

© Sputnik / Амир ИсаевПассажиры заходят в маршрутку
Пассажиры заходят в маршрутку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокини 35-солаи Душанбе, ки дар мусофирбари хатсайри рақами 46 ҳамчун кондуктор (пулчинак) кор мекард, як роҳгузарро мавриди латукӯб қарор додааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Душанбе кондуктори мусофирбари рақами 48, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар, ҷарима шуд, хабар медиҳад Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, як сокини Душанбе бо ирсоли видео аз кормандони раёсат дархост намуд, ки нисбати пулчинак чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Дар навор маълум аст, ки кондуктор аз мошин фаромада, як роҳгузарро мавриди латукӯб қарор додааст.
Ҳабси кондуктор барои дашноми пирамард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Тафсилоти ҳабси кондуктор дар Душанбе: барои роҳкиро пирамардро дашном доду паст зад
Зимнан кормандони милиса нафари дар видео сабтшударо муайян ва дастгир намудаанд. Номбурда сокини 35-солаи шаҳри Душанбе буда, зимни бозпурсӣ иқрор намудааст, ки аз сабаби нофаҳмиҳои ночизи лафзӣ дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
Ҳамин тариқ нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъқин гардид.
Пулчинак ҳамакнун барои ин рафтори дағалона муваззаф аст. ки 256 сомониро ҳамчун ҷарима пардохт кунад.
Қаблан Раёсати Вазорати умури дохилӣ як кондуктори мусофирбари рақами 15-ро барои дашному ҳақорат кардани и як пирамард ҷазо дода буд.
Он замон пулчинак бо қарори суд ба 10 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0