Боздид аз Данғара: Раҳмон аз маҷмуаи нодири нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ дидан кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон принял участие в церемонии открытия и сдачи в эксплуатацию первой очереди текстильного комплекса ЗАО "Джунтай — Дангара Син — Силу Текстил" // Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принял участие в церемонии открытия и сдачи в эксплуатацию первой очереди текстильного комплекса ЗАО Джунтай — Дангара Син — Силу Текстил // Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон корхонаи нассоҷие боз шуд, ки гуфта мешавад, аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми маҷмаи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”-ро ба истифода додааст.
Ин бузургтарин корхонаи нассоқӣ буда, марҳилаи якум ва дуюми корхонаи мазкур солoҳои 2016 ва 2018 ба истифода дода шуда буд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Гуфта мешавад, ду сехи қаблии бозшуда асосан ба истеҳсоли ришта нигаронида шуда, марҳилаи сеюм ва чорум бошад, ба коркарди он равона шуд, ки то имрӯз таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пайваст карда шудааст.
Рахмон на открития завода Талко Голд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Раҳмон сафарашро ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи "ТАлКо Голд" оғоз кард
Ба иттилои манбаъ дар сехи бофанда, асосан бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор бо иқтидори солонаи истеҳсолоти зиёда аз 7 ҳазор пешбинӣ шудааст.
Дар сехи матоъҳои кешбофӣ бошад, асосан матоъҳои аълосифат барои либос ва рахти хоб истеҳсол мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолот 20 миллион метри мураббаъ мебошад
Дар коргоҳи дузандагӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 1 миллион либоси гуногун истеҳсол карда шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин корхона то имрӯз 183 ҳазор либоси гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ истеҳсол шудааст.

"Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сарулибос, ришта ва матои кешбофӣ ба кишварҳои Русия, Туркия, Беларус, Лаҳистон, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содир мешавад", - таъкид кардааст манбаъ.

То кунун ҳайати кормандони корхона 1250 нафар гуфта мешавад ва дар назар аст, ки бо беш кардани иқтидори истеҳсолӣ то 2000 нафар расонида шавад.
Дар корхона асосан 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар маҷмуъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмаи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол арзёбӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0