Маълум шуд, кай роҳи Шкев - Қалъаи Хумб пурра аз таъмир мебарояд

© Sputnik Стас ЭтвешРемонт дороги, архивное фото
Ремонт дороги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, кай роҳи Шкев - Қалъаи Хумб пурра аз таъмир мебарояд ва ба баҳрабардорӣ мерасад. Таъмири қабати дуюми роҳ идома дорад
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар остонаи 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ роҳи Шкев - Қалъаи Хумб пурра аз таъмир мебарояд.
Роҳсозон даҳаи дуюми моҳи апрел бо истифода аз ҳавои мусоид мумфарш намудани қабати дуюми шоҳроҳро дар километри 38-уми қитъаи Шкев - Зиғар, аз даромадгоҳи деҳаи Зиғар то ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳия оғоз кардаанд.
Гуфта мешавад, техникаи муосир ба роҳсозон имконият дод, ки давоми ду ҳафта 10 километри ин қитъаи роҳро тибқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонии роҳсозӣ асфалтпӯш намоянд.
Роҳ бо ғафсии 5 см ва паҳноии 8 метр таъмир мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Таъмири роҳро роҳсозони ватанию хориҷии ширкати Чайна-Роуд бар уҳда доранд.
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Масрафи беш аз се миллиард сомонӣ барои таъмири роҳҳои Хатлон дар соли 2021
Мумфарш намудани қабати дуюми роҳ дар айни ҳол дар километри 27-уми қитъаи Шкев - Зиғар бо суръати баланд идома дорад.
Манбаъ афзуда, ки масъулину мутахассисон ба сифати корҳои анҷомшуда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд, то роҳи мазкур муддати тӯлонӣ мумфарш бошад ва барои ронандагону мусофирон мушкил эҷод накунад.
Навсозии қитъаи 38-километраи роҳи Шкев - Зиғар соли 2003 шуруъ гардид ва бо харҷи бештар аз 31 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоӣ анҷом шудааст.
Роҳи Кӯлоб таъмир мешавад
Ин роҳ аз ҷониби ширкатҳои роҳсозии ватанӣ ва ширкати туркии “Ояк-Иншаат” моҳи ноябри соли 2005 бо ширкати президент ба баҳрабардорӣ расида буд.
Давоми 17 соли охир ронандагону мусофирон бе ягон монеа ва мушкил аз ин роҳ убур мекарданд.
Лентаи хабарҳо
0