Сафорати Тоҷикистон дар Кобул: касе ҳаст ё нест?

© Александр ХроленкоСовременный Кабул
Современный Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дарҳои сафорати кишвар дар шаҳри Кобули Афғонистон баста нашудаанд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Қаблан дар расонаҳои иҷтимоӣ аз бозгашти кормандони сафорати Тоҷикистон ба Кобул ва ҳам қатъи фаъолияти сафорат дар пойтахти Афғонистон гуфтугузорҳо пахш шуда буданд.
Департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бинои сафорат ва молу мулки он дар Кобул моликияти Тоҷикистон аст ва бинои сафорати холӣ аз одам набуд.
"Намояндаҳо он ҷо ҳузур доранд. Сафир дар Душанбест”, - гуфт манбаъ.
Дақиқ маълум нест, то ва ё баъд аз суқути Кобул ба дасти толибон сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ба шаҳри Душанбе кӯч карда, ки танҳо кормандони фаннӣ дар он боқӣ монда буданд.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Тоҷикистон ташкили ҳукумати фарогирро кафили суботи Афғонистон хонд
Аз ҳамон замон Тоҷикистон амалан ҳеҷ робитаи алании дипломатӣ бо ҳукумати толибон надорад.
Тоҷикистон нахустин ва танҳо кишваре буд, ки ҳукумати толибон дар Афғонистонро ба далели такқавмӣ будан ва нақз шудани ҳуқуқи ғайрипаштунҳо, қабл аз ҳама тоҷикон эътироф накард ва хостори як ҳукумати ҳамашумул шуд.
Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳое, ки дар оғоз ба толибон хушбин буданд, то ба ҳол ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.
Лентаи хабарҳо
0