"Лимит" ё барқро мефурӯшанд? Шикваи сокинони Панҷакент аз бебарқӣ

© Pixabay/a_roeslerЛампа накаливания
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аксари сокинон бар ин назаранд, ки нерӯи барқро масъулони шабакаи барқӣ мефурӯшанд, аммо онҳо мегӯянд, танҳо фармони "боло"-ро иҷро мекунанду халос
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Камбуди барқ дар Панҷакент бо вуҷуди ҳавои гарму фаровонии об бартараф нашудааст.
Сокинони ин шаҳр ба "Фараж" шикоят намудаанд, ки нерӯи барқ на танҳо дар деҳаҳо, балки дар марказ низ гоҳе хомӯш мешавад.
Ба таъкиди онҳо, аз сабаби набудани барқ маҳсулоташон, ки дар яхдонҳои барқӣ нигаҳдорӣ мешаванд, вайрон мегарданд.
Алами сокинонро барқи доимӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаҳои хешовандони раиси барқи шаҳри Панҷакент даҳчанд мекунад.
Дар ҳамин ҳол аксари сокинон бар ин боваранд, ки масъулони барқ дар шаҳр аксари вақт барқро мефурӯшанд, ки дар натиҷа худи сокинони Панҷакент берӯшноӣ мемонанд. Онҳо мегӯянд, масъулони барқи шаҳри Панҷакент ба эродашон танҳо мегӯянд, ки супориш аз "боло" -ро иҷро мекунанд.
Лампочка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Туҳфаи наврӯзӣ ба Суғд - барқ дар ин вилоят доимӣ шуд
Зимнан ин торнамо аз масъулони Шабакаи хидматрасонии барқ дар шаҳри Истаравшан асли қазияро пурсон шудааст. Онҳо таъкид намуданд, ки ин гуна супориш аз ҷониби ин ниҳод нашудааст ва дар Панҷакент масъулин аз пеши худ ба ин корҳо даст задаанд.
Масъалаи “лимит” ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо ба яке аз масъалаҳои доғ табдил меёбад, вале масъулин дар “Барқи тоҷик” пайваста мавҷуд будани “лимит”-ро рад мекунанд ва сабаби набудани барқро ба корҳои профилактикӣ рабт медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0