Содироти маҳсулоти тайёр ва ашёи хоми Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад

© МОИ “Суғд”МОИ “Суғд” -Русия
МОИ “Суғд” -Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийски Русия зимни боздид аз Суғд эълон карданд, ки дар самти таъмини ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуоти МОИ “Суғд”, ахиран ин масъала дар зимни боздиди Тахир Кулдашев, мудири Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақаӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Русия ва соҳибкорони ин вилоят аз МОИ “Суғд” матраҳ шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран Суҳроб Зикриёзода, муовини якуми маъмурият роҳбари Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Русия, инчунин соҳибкорони ин вилоятро, ки ба МОИ “Суғд” омада буданд, бо шароиту имкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуд.
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Владимир Волошок, мудири корхонаи пойафзорбарории Магнитагорски Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Раиси Суғд аз соҳибкори Русия хост, дар манотиқи Тоҷикистон корхона созад
Қайд карда шудааст, ки меҳмонон дар ин зимн ба фаъолияти корхонаи “Ариана металл пласт”, корхонаи “Фортуна Ко”, ва “Арча мебел”, ҳамчунин корхонаи “Силкоат Боля” шинос шуданд.

“Дар натиҷаи гуфтушунидҳо соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийски Федератсияи Русия ва корхонаҳои МОИ “Суғд” оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти таъмини ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр аз МОИ “Суғд” ба мувофиқа расиданд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" моҳи апрели соли 2009 ҳамчун муассисаи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ташкили минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" василаи вориди сармояи хориҷӣ, технологияи муосир ва тавлиди молу маҳсулоте гардид, ки қаблан пурра аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд.
Лентаи хабарҳо
0