Таътили наздик ба 320 ширкату корхона давоми се моҳ дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Агентии омори Тоҷикистон аз барҳамхӯрии 319 ҳазор ширкату корхонаҳо дар кишвар дар давоми се моҳи аввали соли равон хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон ахиран хабар додааст, ки дар зарфи се моҳи соли равон 7,4 ҳазор субъекти хоҷагидории барҳам дода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин шумор 7,1 ҳазорашон ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ва 319 ададашон ба сифати ширкату корхонаҳо фаъолият мекардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, шумори умумии субъектҳои хоҷагидории амалкунанда дар давоми сол 688 адад афзуда, то 1 апрели соли равон 344,5 ҳазор ададро ташкил додааст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар се моҳи соли 2022 ҳудуди 10,8 ҳазор субъекти нави хоҷагидорӣ таъсис шудааст.
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Владимир Волошок, мудири корхонаи пойафзорбарории Магнитагорски Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Раиси Суғд аз соҳибкори Русия хост, дар манотиқи Тоҷикистон корхона созад
Агентии омор зикр кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 ҳазор бештар мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои Агентии омор, беш аз 28 дарсади ширкату корхонаҳо дар қаламрави вилояти Хатлон, ҳудуди 27 дарсад дар вилояти Суғд, 25 дарсад дар шаҳри Душанбе, зиёда аз 15 дарсад дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳудуди 5 дарсад дар ВМКБ фаъолият мекунанд.
Ширкату корхонаҳои Тоҷикистон асосан дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои тиҷорату маориф, хидматрасонӣ, бахши бонкӣ, сохтмон ва саноати коркард ба фаъолият машғуланд.
Байни соҳибкорони инфиродӣ 55 дарсадашон фермерҳо буда, 33 дарсадашон бо патент ва ҳудуди 12 дарсадашон бо шаҳодатнома кор мекунанд.
Агентии омор иттилоъ додааст, ки шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 670 нафар зиёд шуда, наздик ба 307 ҳазор расидааст.
Лентаи хабарҳо
0