Вакили пешини Рада: Зеленский ҷинояткор аст

© Foto Telegram / The Donbas People's MilitiaОбломки украинской ракеты "Точка-У" в Донецке
Обломки украинской ракеты Точка-У в Донецке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вакили пешини парлумони Украина раисҷумҳури феълии ин кишварро ҷинояткор номид ва даъват кард, ки ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вакили пешини Рада (парлумони)-и Украина Олексей Журавко, Владимир Зеленский, раисҷумҳури феълии Украинаро ҷинояткори низомӣ хонд ва гуфт, омодааст, ки дар додгоҳи Нюрнберг ба зидди ӯ шоҳидӣ диҳад.
"Зеленский ҷинояткори низомӣ, террорист аст, вай аҳолии худро ба қатл мерасонад, дар ҳоле ки бевосита Русияро дар ин кор гунаҳкор медонад. Ин як одами зишт аст. Ман бовар дорам, ки мо бояд як додгоҳи Нюрнберг дошта бошем ва ҳамаи ҷинояти низомии ӯро баррасӣ намуда, муҷозоташ кунем", - гуфт ӯ ба хабаргузории РИА “Новости”.
Қаблан хабарнигори РИА “Новости” дар бораи шиллики мушак ба минтақаи маркази телевизионии Херсон бо мушакҳои “Точка-У” ва системаи “Ураган” хабар дода буд.
Як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қаблан ба РИА “Новости” гуфта буд, низомиёни Украина шабона ба сӯйи Херсон се мушаки “Точка-У” партоб кардаанд, ки боиси маргу захми шудани чандин нафар шудааст.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео
Ба гуфтаи Журавко, "ба сокинони Херсон то ҳол маълумоти бардурӯғ медиҳанд, ки гӯё ин кори Русия аст. "Ман худам шоҳиди он ҳастам, ки ба сари мо Русия мушак намепартояд, балки худи Ҳукумати Украина ин корро мекунад. Аз ин рӯ дар ҳоли ҳозир орзу дорам, ки дар додгоҳ ҳамчун шоҳид ҳузур дошта бошам", - гуфт ӯ.
Журавко кайд кард, ки бе фармони Зеленский мушаки “Точка-У” партоб намешуд.
"Барои Зеленский, қувваҳои мусаллаҳи Украина ... онҳо комилан аҳамият надоранд, вазифаи геополитикӣ вуҷуд дорад ва он ҳал мешаванд. Амрико ва зердастонаш - ба ҳамон Зеленскийи фашист ҳадафмандона фармон медиҳанд, ба сӯйи мардуми худаш мушак андозад ва бо ҳар роҳе ба мардум бояд нишон диҳад, ки ин кори Русия аст, яъне Украина ҳамчун васила барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мешавад” , - гуфт вакили собиқи Рада.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Патрушев: ИМА дар лабораторияҳои Украина силоҳи нави биологӣ сохт
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0