"Ҳабси дороиҳо". ИМА чӣ қадар аз пулҳои Русияро масраф мекунад?

© Sputnik / Алексей ВитвицкийСША и НАТО
США и НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтанд, ки аз дороиҳои ҳабсшудаи Русия ду миллион доллар барои кӯмак ба Украина фиристанд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik, Михаил Катков, Алена Казакова. Барои онҳо бори аввал нест, ки моли каси дигарро мегиранд: ҳафт миллиардро аз Афғонистон гирифтаанд ва аз Эрон ба андозаи аз ин бештар. Агар Вашингтон ба хашму ғазаб ояд, Маскав бисёр чизҳоро аз даст медиҳад.

Кумаки маҷбурӣ

Палатаи намояндагони ИМА лоиҳаи қонунеро тасвиб кард, ки ба истифодаи маблағҳои яхбастаи Русия барои пуштибонӣ аз Украина ва “демократикунонии Русия” иҷоза медиҳад.
Барои оғоз онҳо аз президент Ҷо Байден даъват карданд, молҳоеро, ки таҳти таҳримҳо боздошт шудаанд, фурӯшад, менависад “The ​​New York Times”. Ростӣ, лоиҳаи қонуне, ки соҳибони дороиҳоро аз ҳуқуқи эътироз ба ин амалҳо маҳрум мекунад, аммо шодӣ кардан ҳанӯз барвақт аст.
Байден гуфт, ки ӯ барои муқобила бо олигархҳои Русия як бастаи пешниҳодҳоро ба Конгресс мефиристад.
Талиб на фоне мечети с оружием - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Ҳафт миллиард доллар "ҳадя"-и Амрико ба толибон баъди хуруҷ аз Афғонистон
Мо тамоми чораҳоро мебинем, ки онҳоро аз пули ҷамъкардаашон маҳрум созем... Механизмҳои нави мусодираи ин молу мулк ба вуҷуд оварда мешавад. Мо ҳама корро мекунем, ки ҳангоми фурӯши дороиҳои олигархҳо даромади он мустақиман барои рафъи хисороти ба Украина расонидашуда сарф шавад”, -гуфт Байден.
Илова бар ин Департаменти давлатӣ имкони эътирофи Русияро ҳамчун сарпарасти терроризм баррасӣ мекунад. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова ваъда дод, ки Маскав ба ҳама тасмимҳои Вашингтон, ҳатто ба чунин тасмими "аҳмақона" посух хоҳад дод.
Ҳанӯз миёнаҳои моҳи апрел мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан гуфта буд, ки дороиҳои боздошташуда ба тоҷирони рус баргардонида намешаванд. Дар баробари ин худи ӯ онро ҳамчун "забт" тасниф кардааст.
Ва амали Вашингтон ба эҳтимоли зиёд, бо ду миллион дороӣ маҳдуд намешавад. Амрикоиҳо сад миллиард доллари мутааллиқ ба Бонки марказии Русияро боздоштаанд, аммо дар суратҳисобҳои БМА. Сардори Департаменти давлатӣ Энтони Блинкен пинҳон намедорад, ки Кохи сафед масъалаи фиристодани онҳо ба Киевро дар назар дорад. Нозукиҳои ҳуқуқӣ садди роҳ мешаванд.
ИштиҳоиЗеленский боз ҳам бештар аст: ӯ ба 400 миллиард доллар аз маблағҳои Бонки марказӣ ва миллиардерҳои Русия умед мебандад.

Ғоратгарӣ дар рӯзи рӯшан

Соли гузашта пас аз фирор аз толибон амрикоиҳо қариб ҳафт миллиард доллари Афғонистонро мунҷамид карданд. Онҳо тавзеҳ доданд, ки ин як фишанги дипломатӣ барои фишор ба Кобул хоҳад буд.
Як қисми маблағ барои ҷуброни оилаҳои аз ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 зарардида фиристода шуда, боқимонда барои кӯмаки башардӯстона равона карда шудааст. Толибон онро ғоратгарӣ номиданд, вале Вашингтон тамоман хиҷолат накашид, ҳарчанд ҳатто Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баргардонидани ин пулро тақозо кардааст.
 Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Путин нокомии бузурги ИМА -ро ошкор кард
Илова бар ин амрикоиҳо таҷҳизоти низомиро дар Афғонистон ба маблағи тақрибан ҳамон ҳафт миллиард партофтанд: ҳавопаймову мошинҳои ҳарбӣ, яроқу аслиҳа, лавозимоти ҳарбӣ ва воситаҳои алоқа ба дасти толибон гузаштанд.
Эрон ҳатто инро нафаҳмид. Дороиҳои пас аз Инқилоби Исломии соли 1979 боздошташуда 100-120 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Гузашта аз ин маблағҳо на танҳо дар ИМА, балки дар Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Люксембург, Ҷопон ва Ироқ низ ҳастанд. Қисми зиёди он пули нафт буданд.
Инқилоб шоҳ Муҳаммад Паҳлавиро, ки бо Вашингтон дӯстӣ дошт, сарнагун кард. Сафорати ИМА дар Теҳрон забт шуд, 66 амрикоиро гаравгон гирифтанд. Охирини онҳо танҳо дар охири соли 1981 озод карда шуд.

На додгоҳу на пул

"Чунин амалҳои ҷониби Амрико берун аз ҳама гуна чаҳорчӯби ҳуқуқии байналмиллалӣ ҳастанд. Албатта, ин хат минбаъд низ идома хоҳад ёфт, онҳо иқдомҳоеро пеш хоҳанд гирифт, ки қаблан ғайриимкон буданд," - бовар дорад ҳуқуқшиноси байналмилалӣ Дмитрий Романенко. "Албатта, сухан дар бораи чораҳои ҷавобӣ меравад. Русия метавонад ҳуқуқи мусодираи дороиҳои ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ҳуқуқии Иёлоти Муттаҳидаро дар ин кишвар боздорад", - афзуд ӯ.
Вай шубҳа дорад, ки қарори Конгресс мавриди баҳс қарор мегирад, зеро "ҳеҷ кас аз фишор овардан ба додгоҳҳои байналмилалӣ худдорӣ намекунад" ва албатта, ин на ба нафъи Русия аст.
Владимир Василев, сармутахассиси Пажуҳишгоҳи ИМА ва Канадаи Академияи илмҳои Русия мегӯяд:
"Идеяи истифодаи сесад миллиард доллари Русия дар Киев баён шуда, сипас дар Вашингтон пайдо шуд... Харҷ кардани маблағҳои онҳо дигар аст".
Ба гуфтаи ӯ, то ҳол чунин ҳодиса рӯй надода буд. "Бале, ин вазъияти Афғонистонро ба ёд меорад, аммо толибон як созмони террористии мамнуъ аст. Инро метавон бесобиқа арзёбӣ кард. Одатан, маблағҳо мисли Эрон яхбандӣ карда мешаванд ва баъд масъалаи бозгашти онҳо ҳал мешавад. Ё ин дороиҳо ба муддати номуайян нигоҳ дошта мешаванд ва барои ҷуброни иқтисодӣ истифода мешаванд," - меафзояд коршинос.
Пули Русияро метавон ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки гурезаҳои украиниро қабул кардаанд, интиқол дод. Дар ҳамин ҳол ҳамсуҳбати РИА “Новости” шубҳа дорад, ки ин маблағҳо мувофиқ ба ҳадаф сарф шаванд.
"Амрикоиҳо ба лоиҳаҳои озмоишӣ шуруъ мекунанд, онҳо барои сарфи сесад миллион ба таври умда иқдом намекунанд. Аммо пул қитъа-қитъа шавад, оҳиста-оҳиста ин қонунӣ ба назар мерасад. Ҳоло онҳо транши аввалро гирифта, ба Украина барои кӯмаки башардӯстона мефиристанд, — мегӯяд Василев.
Вашингтон дар амалияи молиявии ҷаҳонӣ мисоли ниҳоят хавфнок гузошта истодааст. Ва ҳеҷ кишвар наметавонад бовар дошта бошад, ки ин амали он бехатар аст.
Лентаи хабарҳо
0