Изҳороти тунди Қодиров дар бораи Украина

© Пресс-служба главы Чеченской Республики / Гузаштан ба хазинаи аксСборы военных в Грозном
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Чеченистон бовар дорад, агар мардуми Украина назорат бар кишварашро барнагардонанд, пас президенти Русия ин корро хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Украиниҳо бояд ба худ омада, назорати давлати худро дубора ба даст гиранд. Дар ин бора раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар "Telegram" гуфтааст.
Вай таъкид кард, ки Русия алайҳи истиқлоли Киев сиёсати душманонаеро пеш намегирад.
Қодиров гуфт, Украина соли 2014, замоне ки ниҳодҳои ғарбӣ ва аврупоӣ қудратро дар ин кишвар ба тасарруфи худ гирифта, ба дасти ҳаммаслаконашон супурданд, соҳибихтиёрии худро аз даст дод.
Ба гуфтаи раиси Чеченистон, чунин сенарияҳо барои Русия аз авоили солҳои 1990 ошно буданд. Он вақт дар зери шиорҳои баланди озодӣ ва истиқлол "Ҷумҳурии Чеченистон ба платсдарме барои заиф гардондани Русия табдил дода буданд".
Натиҷаи чунин амалҳо бесарусомонӣ ва харобиҳо, бартарияти террористони байналмилалӣ аз беш аз 50 кишвари ҷаҳон ва талафоти фоҷиавии инсонӣ буд, ёдовар шуд Қодиров.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Посухи Қодиров ба суханони Зеленский, ки гуфт, барои муқовимати тақрибан даҳсола омодааст
Чеченистонро "пешвои тавоно ва дурандеш, аввалин президенти Ҷумҳурии Чеченистон, Қаҳрамони Русия Аҳмад-Хоҷӣ Қодиров" аз несту нобудии комил наҷот дод.

"Ба шарофати ӯ ва президенти Русия Владимир Путин мо тавонистем аз зери дастгоҳи гӯштқимакунии ҳарбӣ, ки бо дасти даҳшатноки трансатлантикӣ тоб дода мешуд, раҳо шавем", - гуфт роҳбари ҷумҳурӣ.

Ба андешаи ӯ, ҳоло ба Украина маҳз чунин раҳбар намерасад. Қодиров изҳори тааҷҷуб кард, дар миёни аҳолии 44-миллионнафарӣ ягон номзади арзандае вуҷуд надорад, то "Ғарб ва Аврупоро нагузорад, ки мардуми Украинаро ба сифати сипари зинда алайҳи Русия истифода баранд".
Қодиров ваъда дод, ки тамоми шаҳрҳои Украинаро аз "шайтонҳо" озод мекунанд
Агар украиниҳо кишварро ба дасти худ нагиранд, пас президенти Русия ин корро мекунад.
"Ва мо ӯро дар ин кори хайр ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард", - гуфт Қодиров ва афзуд, "ин барои мо кори осон аст, зеро кишвари мо ҳеҷ гоҳ ба гармонияи ковбойӣ рақс накардааст ва намерақсад".
Лентаи хабарҳо
0