Пизишкони тоҷик ҷарроҳии нодир анҷом доданд

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Ҷарроҳӣ 9 соат давом кардааст ва дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст. Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 34 сол дошта, як сол қабл бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон нахустин бор ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамоз гузаронида шуд.
Ин ҷарроҳии нодирро устодони кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон анҷом додаанд.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба гузориши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ин ҷарроҳӣ аз ҷониби мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Равшан Юлдошев ва ассистентҳо Ҷовид Ҷамшедов ва Йигиталӣ Нуриддинов ҳамроҳ бо кормандони дигари ин кафедра гузаронида шудааст.
Ҷарроҳии мазкур бо усули ҳибридӣ, бо бозпайвандии колофарингоанастамоз анҷом дода шудааст.
Молодые звезды в туманности Лагуна (Lagoon Nebula) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Олимони тоҷик дар расадхонаи астрономии "Санглох" ситораҳои навро таҳқиқ карданд
Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 34 сол дошта, як сол қабл бо сабаби тавассути ишқор сӯхтани сурхрӯдааш дар Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шуда будааст.
Ҷарроҳии мазкур 9 соат давом карда, дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст.
Тибқи ташхис, ҳама қисми сурхрӯда, аз қисми гардан сар карда, то қисми қафаси сина ва қисми абдоминалии сурхрӯдаи бемор пурра сӯхта, стеноз гардида буд.
Манбаъ афзуда, ки ҳоло ҳолати бемор хуб буда, зери назорати пурраи табибон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0