Ишқи мамнуъ? Ҷавону духтаре дар Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтанд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Духтар тавонист, ки худро аз ғарқшавӣ наҷот диҳад, аммо ҷавон натавонист. Ҷасади ӯро то кунун пайдо накардаанд ва ҷустуҷӯҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд як ҷавон ва духтаре қасди худкушӣ карда, бо ин мақсад худро аз болои пуле ба Сирдарё партофтаанд.
Ҳодиса пеш аз зуҳри 28 апрел сар задааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, кормандони кумита иборат аз ғаввосон бо дарёфти хабар фавран ба ҷойи ҳодиса, пули болои Сирдарё маъруф бо “Юбилейный” ҳозир шуданд.
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Даҳшат: дар Вахш наварӯсу домод худкушӣ карданд
Гуфта мешавад, ҷавон 21 сол дошта, сокини ноҳияи Айнӣ, деҳаи Пардуди ҷамоати Фондарё мебошад, ки донишҷӯи яке аз муассисаҳои олии таълимии шаҳри Хуҷанд будааст.
Ҷавондухтари бошад, 18- сола, сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон будааст.

"Духтар тавонист худаш аз дарё берун шавад, аммо мутаассифона, ҷавон ғарқ шуд. Ғаввосони наҷот то торикӣ ҷустуҷӯ карданд, аммо ҷасад пайдо нашуд", - афзуд манбаъ.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки субҳи 29 апрел корҳои ҷустуҷӯӣ барои дарёфти ҷасади ҷавон аз сар гирифта шуданд.
Сабабҳоеро, ки ҷавононро ба чунин иқдоми водор кардааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд, таъкид мекунад КҲФ.
Лентаи хабарҳо
0