Тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар бархе аз фурудгоҳҳои Русия

© PixabayСамолёт
Самолёт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
"Росавиатсия" бори дигар парвози ҳавопаймоҳо ба бархе аз фурудгоҳҳои кишварро маҳдуд карда, маслиҳат додааст, ки аз масирҳои дигар истифода шавад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷанубӣ ва марказии Русия тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия".
Ба иттилои ин ниҳод, муҳлати нави маҳдудияти парвозҳо то 7 май муқаррар шудааст.

"То 7 май, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз дар 11 фурудгоҳ дар ҷанубу маркази Русия идома меёбад", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Дар феҳрасти минтақаҳое, ки парвоз ба фурудгоҳҳояшон мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
Ин ниҳод ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
"Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Обстрела рынка в Донецке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Ҳамлаи мушакии артиши Украина ба бозори Донетск – видео
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0