КДАМ: Тоҷикистон то ҳол "Байрактар" ​​нахаридааст

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБеспилотник Bayraktar TB2, архивное фото
Беспилотник Bayraktar TB2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Қаблан бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое ворид шудааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини туркро харидорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қирғизистон хабарҳо дар бораи харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ аз ҷониби Тоҷикистонро рад кард.
Тибқи маълумоти дақиқи мавҷуд, ҷониби Тоҷикистон бо истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар" - ширкати туркии "Байкар Макина" қарордод имзо накардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Қаблан бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое ворид шудааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини туркиро харидорӣ мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ки Анкара ва Душанбе дар мавриди интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба мувофиқа расидаанд, вале шартҳои созишнома ифшо нашудааст.
Заведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Грозин: Қирғизистон бояд аз "Байрактар" - ҳо дар артиши Тоҷикистон битарсад
Қаблан Жээнбек Кулубоев, вазири умури хориҷии кишвари ҳамсоя гуфта буд, ки дар дидор бо Анкара Бишкек қасд дорад, масъалаи харидории "Байрактар"-ҳоро аз ҷониби Душанбе матраҳ кунад.
Ба гуфтаи ин дипломат, Қирғизистон қаблан ба Туркия бо даъвати "эҳтиёткорӣ" дар масъалаи интиқоли ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон муроҷиат карда буд, зеро то ҳол масъалаи тақсими марзи муштарак ҳал нашудааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иддао дорад, ки Тоҷикистон бо тавлидкунандагони ҳавопаймоҳои ҷангии туркӣ қарордод набастааст.
"Маълумот дар бораи ба даст овардани ҳавопаймои бесарнишини "Байрактар" аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ нашудааст", - гуфт хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Дар идома КДАМ-и ин кишвар гуфтааст, Қирғизистон сиёсати сулҳ ва ҳамсоягии некро пеш гирифта, барои ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тамоми талошро ба харҷ медиҳад.
"Ҳавопаймоҳои туркӣ, ки ҷониби Қирғизистон харидорӣ кардааст, танҳо бо ҳадафҳои дифоъӣ дар пасманзари сатҳи баланди хатари террористӣ ва ифротгароии мазҳабӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели вазъ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст", — шарҳ дод Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Зимнан зикр мегардад, ки "Ҷониби Қирғизистон ҳеҷ гоҳ ба сиёсати таҷовузкорона нисбат ба кишварҳои ҳамсоя пайравӣ накардааст ва нахоҳад кард".
Лентаи хабарҳо
0