Устувории бесобиқаи рубл тайи моҳҳои охир. Арзиши доллар афтид

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонета номиналом один рубль.
Монета номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Арзиши доллар дар нисбати рубл ба поинтарин сатҳ аз моҳи ноябр ба ин сӯ расид, бармеояд аз нишондодҳои харидуфурӯш дар биржаи Маскав
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қурби доллар дар Русия аз 71 рубл поинтар рафт, ки нишондоди поинтарин тайи ним соли охир мебошад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба додаҳои биржаи Маскав хабар дод.
Қурби доллар ба ҳолати пеш аз зуҳри 29 апрел ҳудуди 1,1 рубл поин рафта, ба 70,98 рубл баробар шуд. Евро ҳам ба андозаи 61 копейка арзон шуда, қиматаш 74,76 рублро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар бозори асъори Тоҷикистон низ рубл устуворияшро тайи ҳафтаҳои охир нигоҳ дошта, онро таҳким бахшида истодааст.
Многофункциональный миграционный центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Новобаста аз беқурбшавии қурби рубл муҳоҷирони тоҷик дар Русия кор хоҳанд кард
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 160 сомонӣ аст. Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ башиддат коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.1360 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафта як евро 13.2272 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло дар кишвар ҳар як доллар 12.4950 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ аст. Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 153 ва дар фурӯш161 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 162 сомонӣ мефурӯшад.
Лентаи хабарҳо
0