Тартиби вуруд ва хуруҷи муҳоҷирон дар Русия тағйир меёбад

Туристы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини раиси Шӯрои амният аз тасвиби қонун дар бораи будубоши хориҷиён дар Русия хабар дод. Ин қонун тарзи вуруд ва хуруҷи хориҷиёнро низ танзим мекунад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар ояндаи наздик дар Русия Қонуни танзими масоили вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қабул мешавад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба суханони Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия хабар медиҳад.
"Бояд ба назар гирифт, дар ояндаи наздик қабули қонуни нав дар назар аст, ки тамоми масъалаҳои вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар кишвари мо танзим мекунад. Дар ин ҷо бояд шартномаҳои байналмилалии амалкунанда таҳлил ва вазъи онҳо баҳо дода шавад", - гуфт ӯ дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои такмили сиёсати давлатии муҳоҷират.
Медведев қайд кард, ки ин кор аллакай ҷараён дорад, аммо маҷмуи қонунгузорӣ хеле "гуногун" аст ва баррасии бодиққатро тақозо мекунад.
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия
"Хуб, мо бояд ислоҳот ворид кунем. Дар шароити кунунӣ, зоҳиран, худдорӣ кардан аз бастани созишномаҳои нав, агар зарурати таъҷилӣ набошад, бамаънӣ аст", - афзуд ӯ.
Ёдрас мешавем, ки тайи 3 моҳи соли 2022 беш аз 50 ҳазор муҳоҷир аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд.
Ихроҷи қариб 60 ҳазор муҳоҷир аз Русия барои нақзи қонун
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7 ҳазор нафар камтар аст. Он замон қариб 60 ҳазор муҳоҷир ба Русия омада натавониста буданд.
Қонунгузории Русия 22 асосро барои муваққатан мамнуъ кардани вуруд пешбинӣ мекунад, ки асоситаринашон миқдори зиёди ҷиноятҳост.
Лентаи хабарҳо
0