Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳодурзода ба аёдати кӯдакони хонаводаҳои қурбониёни даргириҳо дар марз рафт

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдХабаргирии Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, аз оилаҳои қурбониёни муноқишаи марзӣ
Хабаргирии Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, аз оилаҳои қурбониёни муноқишаи марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд гуфт, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ин хонаводаҳо, бахусус кӯдаконро дастгирӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар остонаи иди Рамазон аз хонаводаҳои қурбониёни даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан кард.
Ҳамин тариқ, раиси шаҳр бо аъзои 15 оила дар ҷамоати деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Сурх мулоқот кард, хабар медиҳад торномаи SugdNews.
Баҳодурзода гуфт, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ва аз ҳар роҳ ин оилаҳоро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ӯ, ба фарзандони осебдидагон кумаки вижа расонида мешавад.
"Ҷасорат ва қаҳрамонии фарзандони Ватан, ки барои сулҳу амнияти кишвар ҷони худро нисор кардаанд, дар ёди ҳар як шаҳрванд ва насли ояндаи кишвар боқӣ мемонад", - гуфт раиси шаҳри Исфара.
Ба ин оилаҳо кумаки моддӣ, ғизо ва туҳфаҳои идона барои кӯдакон дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2021 дар марзи ду кишвар миёни сокинони маҳаллӣ муноқишаи шадид рух дода буд.
Дар мавзеи обгирии "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад. Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо даргирии низомӣ анҷом ёфт.
Чаро Тоҷикистону Қирғизистон наметавонанд марзро тақсим кунанд: видео
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон муътақиданд, ки иншооти тақсими об дар қаламрави онҳо воқеъ аст, аммо то ҳол моликияти ин гиреҳ мушаххас нашудааст.
Рӯзи дигар, 29 апрел, низоъ миёни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрди мусаллаҳонаи миёни низомиён табдил ёфт.
Вазирони хориҷа ва нахуствазирони ду кишвар дар мавриди оташбас ва хуруҷи таҷҳизоти низомӣ музокироти изтирорӣ анҷом доданд, аммо рӯзи дигар табодули оташ аз сар гирифта шуд.
Бар асари ин даргирӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 87 нафари дигар, аз ҷумла раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ дар дараҷаи мухталиф ҷароҳат бардоштаанд.
Ифтор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна гузашт? - акс
Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 захмӣ эълон кард.
Соли гузашта роҳбарияти шаҳр бо мақсади дастгирии 12 оилае, ки аъзоёнаш дар муноқишаи марзӣ ҳалок шудаанд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, Ворух ва Сурх қитъаи замин ҷудо карда буд.
Дар баробари ин ба кӯдаконе, ки то синни 18-солагӣ бе парастор мондаанд, ҳар моҳ кӯмаки моддии иҷтимоӣ пардохта мешавад ва ҳар сол бо сару либоси мактабӣ таъмин карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0