КҲФ аз омадани сел дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

© YoutubeСели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рӯзҳои аввали моҳи май дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Ба сокинони кишвар тавси дода мешавад, ки дар мин муддат аз сайругашт худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 3-4-уми май ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад.
Ин ниҳод дар такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, дар ин муддат дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд омадани селҳо эҳтимол дорад.
"Ғайр аз ин хатари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст. Боронҳои пуршиддат бо раъду барқ метавонанд таҳдидҳои дигар дошта бошанд", - афзудааст манбаъ.
Дар ҳамин иртибот кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
КҲФ зарари сел дар Суғдро муайян кард
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ дархост мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
Инчунин тавсия дода мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.
Марвид ба зикр аст, ки ҳафтаи қаблӣ дар шаҳри Панҷакент зуҳуроти сез ба қайд гирифта шуд, ки он 48 гектар замини кишоварзӣ дар ҷамоати Лоиқи Шералӣ зарар расонда, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро хисорот ворид кард.
Лентаи хабарҳо
0