Коршиноси низомӣ дар бораи сафари амрикоиҳо ба Киев ва "саммити Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ": видео

Обуна шудан
Боздиди ҳайати Амрико аз Киев барои тамоми ҷаҳон ва рӯйдодҳои Украина чӣ маъно дорад, шарҳ дод коршиноси низомӣ дар мусоҳибаи видеоӣ бо Sputnik
Дар шумораи нави лоиҳаи "Время Ч" нозири низомӣ Александр Хроленко бо хабарнигори Sputnik чанд рӯйдодҳои имрӯзаи ҷаҳон ва Украинаро баррасӣ мекунад.
Сухан дар бораи рафти амалиёти низомии Русия дар Украина, инчунин дастовардҳои комплекси ҳарбӣ-саноатии Русия ва артиши Русия меравад.
Илова бар ин, гуфтугӯҳо ба сафари аҷиби Антони Блинкен, котиби давлатии ИМА ва раиси Пентагон Ллойд Остин ба Киев, сабабҳои ташдиди авзоъ дар атрофи Приднестровье ва системаи дифои ҳавоии Русия S-500 Prometeys дахл доранд.
Патрушев: ИМА дар лабораторияҳои Украина силоҳи нави биологӣ сохт
Хроленко қайд мекунад, ки ҳайати вакилони Амрико сафари худро ба Украина бо зарурати таъминоти ИМА шардҳ дод. Аммо чунин масоил, ба гуфтаи коршинос, маъмулан тавассути телефон матраҳ мешавад ва сафари мақомоти баландпояи Амрико ба қаламрави амалиёти низомӣ хеле ғайриоддӣ ба назар мерасад.
Дарҳол пас аз боздид, вазъ дар Приднестровье бо таркишҳо ва тахрибкорӣ бадтар шуд - ин як тасодуф буда наметавонад, меафзояд шореҳи низомӣ.
Барои тафсилоти бештар ба видео нигаред.
Лентаи хабарҳо
0