Лавров: Русия ҷонибдори идомаи музокирот бо Украина аст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия дар як мусоҳиба гуфт, ки кишвараш ҷонибдори идомаи музокирот бо Украина аст, ҳарчанд он ба кундӣ пеш меравад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, мо ҷонибдори идомаи музокирот ҳастем, ҳарчанд онҳо хуб пеш намераванд.
Ӯ дар як мусоҳибааш бо хабаргузории "Синхуа"-и Чин таъкид кард, ки "алфозҳои ҷангҷӯёна ва амалҳои таҳрикомези ҳомиёни Киеви ғарбӣ" монеи музокироти Русияву Украина мешавад.
Лавров афзуд, ҳайатҳои Русия ва Украина ҳамарӯза тарҳи созиши эҳтимолиро тавассути конфронси видеоӣ баррасӣ мекунанд. Мо мехоҳем муколамаро давом диҳем, гарчанде ки ин душвор аст.
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с председателем Ливанского христианского движения Марода С. Франжье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Лавров: Амалиёти вижа дар Украина барои раҳоии ҷаҳон аз таъсири Ғарб мусоидат мекунад
Созишнома бояд мақоми бетараф ва низомии Украина ва ҳамчунин кафолати амнияти Киевро дар бар гирад, гуфт ӯ.
Дар рӯзномаи музокирот ҳамчунин масоил аз қабили нозизудоӣ, эътирофи воқеиятҳои ҷадиди геополитикӣ, сабуктар кардани таҳримҳо, мақоми русзабонҳо ва ғайра низ ҷой дорад.
Ҳалли вазъ дар Украина ба рафъи ташаннуҷи низомиву сиёсӣ дар Аврупо ва умуман дар ҷаҳон кумак мекунад.
"Кишварҳои НАТО бо пуштибонии мардумӣ аз режими Киев ҳама кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то аз қатъи амалиёт тавассути созишҳои сиёсӣ ҷилавгирӣ кунанд", - гуфт Лавров.
Риёкории густурда ва стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ ахиран бо изҳори он ки "ин муноқиша то муқовимати охирини украина идома хоҳад ёфт" ошкор шуд.
Ба гуфтаи Лавров, агар Иёлоти Муттаҳида ва НАТО бихоҳанд, бӯҳронро ҳал кунанд, онҳо бояд интиқоли силоҳро қатъ кунанд, бо масъалаҳои башардӯстона машғул шаванд ва Киеви расмиро маҷбур созанд, ки аз иғвоҳо, аз ҷумла иттилоотӣ даст кашад. Дар акси ҳол, сиёсатмадорони ғарбӣ масъулияти шарикӣ дар ҷиноятҳои хунинро ба дӯш мегиранд, афзуд вазири хориҷаи Русия.
Лентаи хабарҳо
0