Се минтақаи вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро карданд

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд яке паси дигар аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ гузориш дода истодаанд. Ҳамин тавр, се минтақаи ин вилоят нақшаро пурра иҷро кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аз миёни ин се минтақа нахустин шуда нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон иҷро гардид.
Сипас ноҳияи Шаҳристон ва баъдан ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ аз иҷрои нақша гузориш доданд.
Манбаъ афзуда, ки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан ҷараён дошта, ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои қарзи шаҳрвандии худ изҳори омодагӣ менамоянд.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Артишгурезонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст: посухи ҳуқуқшинос
Бояд таъкид кард, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хизмат моҳҳои апрел ва май идома ёфта, вилояти Суғд ҳар сол пеш аз муҳлат нақшаи пешбинишударо иҷро мекунад.
Ёдрас мешавем, ки бино ба иттилои котиботи Вазорати мудофиа, то 21 апрел, иҷрои нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ 50 фоизро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, вазорат дар ҳамин давраи қаблии даъвати наваскарон аз иҷроиши 80-дарсадии нақша хабар дода буд.
Кор бо мардум, бе фасод: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳо дар даъвати баҳорӣ
Гуфта мешавад, ВМКБ давоми чор соли охир миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯзи нақшаро дар қаламрави вилоят 100 фоиз иҷро менамояд.
Чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе давоми 20 рӯзи маъракаи сарбозгирӣ нақшаро 60 фисад иҷро кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он ду моҳ идома мекунад.
Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0