Дар Тоҷикистон муҳлати қабули довталабон ба донишгоҳҳо тамдид шуд

© SputnikАбитуриенты в НЦТ в первый день объявления результатов вступительных экзаменов
Абитуриенты в НЦТ в первый день объявления результатов вступительных экзаменов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон ба далели зиёд будани шумори хоҳишмандони идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо дар соли таҳсили 2022-23 чунин иқдом кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон давраи сабти ном барои имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олӣ тамдид шуд.
Инак, рӯзи охирини қабули ҳуҷҷатҳо 30 апрел аст. Абдубосит Шодиниё, ёвари директори Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба хабаргузории "Ховар" гуфт, мақомот ба далели зиёд будани теъдоди хоҳишмандони идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо чунин чораҳоро андешидаанд.
Ба гуфтаи вай, то рӯзи 25-уми апрел беш аз 89 ҳазор хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбии кишвар барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (МИМ) ҳуҷҷат супоридаанд.
Шодиниё зикр кард, ки имрӯз яке аз ихтисосҳои маъмултарин "Эпидемиология, гигиена ва ҳифзи саломатӣ" дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.
"Барои як ҷой дар ин ихтисос 533 довталаб ҳуҷҷат супорид. Бахусус шӯъбаи рӯзона, навъи таҳсил ройгон маъмул аст", - афзуд ӯ.
Инчунин тахассусҳои "Андоз ва андозбандӣ" ва "Экспертизаи судӣ" маъмуланд. Барои як ҷой мутаносибан 370 ва 348 нафар ҳуҷҷат супоридаанд.
Ба довталабон интихоби то 12 ихтисос дар яке аз 5 кластер дода мешавад.
Таджикские студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Тағйирот дар ММТ: як донишгоҳ зам шуду шартномаи Академия арзон
Шодиниё ёдовар шуд, ки дар бораи интихоби касб пешакӣ тасмим гирифтан лозим аст. Пас шумо бояд тамоми ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати комбинатсияи ихтисосҳои интихобшударо омода кунед. Пас аз он бояд ба марказҳои бақайдгирӣ оед.
Дар сомонаи марказ шумо метавонед омори раванди бақайдгириро пайгирӣ кунед ва дар ҳолати зарурӣ интихоби ихтисосро тағир диҳед.
Ёдовар мешавем, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо аз моҳи июл оғоз мешаванд. Хатмкунандагони мактаб имтиҳонҳоро дар ҳама шаҳру навоҳӣ имкони супоридан доранд. Маълум аст, ки барои тасдиқи шахсияти довталабони имтиҳонҳо ташхиси изи ангушт гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0