Бозгашти Муин ба майдон баъди баҳси доппинг

© Фото : Страница Муина Гафурова в FacebookМуин Гафуров. Архивное фото
Муин Гафуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Размикори тоҷик бо Гербет Соузи бразилӣ дар доираи лигаи LFA вориди майдон мешавад, ки то ҳол аз 16 зӯрозмоӣ 15 ададашро бурду якеро бохтаст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Муин Ғафуров, размикори шинохтаи тоҷик, баъди ним соли барканорӣ ба далели ошкор шудани допинг дар баданаш ба майдони муҳорибаҳо бармегардад.
Интизор меравад, ки размикор бо лақаби "Тоҷик" бо Гербет Соузи бразилӣ дар доираи лигаи LFA вориди майдон мешавад. Зӯрозмоӣ 10 июн дар шаҳри Белтони аёлати Тахас дар назар аст.
Размикори бразилӣ то ҳол 15 бурду 1 бохт дорад. Барои Муин Ғафуров ин нахустин сабқат баъди барканорияш ба далели допинг мебошад.
Охирин қувваозмоии худро "Тоҷик" бо Чад Анҷелигери канадагӣ моҳи сентябри соли гузашта, дар чаҳорчӯби мусобиқаи "Dana White's Contender Series" анҷом дода, бо қарори доварон сабқатро бохт.
Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Набарди Одилов барои ҳифзи унвони қаҳрамонӣ ба вақти номуаян гузошта шуд
Вай дар пайи расонаӣ шудани қазияи допинг изҳор дошт, ки дар умраш аз чунин воситаҳо истифода накардааст, танҳо пеш аз сабқат ҷарроҳӣ шуда буд.
Ба гуфтаи размкор, дору зимни амалиёти ҷарроҳӣ ба ӯ дода шудааст ва тамоми санадҳо ба ташхисгарон пешниҳод гардиданд. Ӯ илова намуд, баъди ин гуфтанд, ки як муддат бояд аз рақобатҳо худдорӣ кард, вале вақте хабарҳо атрофи допингро дид, ҳайрон шуд.
Гуфта мешуд, ки дар бадани варзишкори тоҷикистонӣ маводи барои варзишкорон мамнуи канренон ошкор гардидаст.
Ғафуров рақобатҳои касбияшро аз соли 2013 оғоз карда, то кунун 21 разм гузаронидааст, ки 17-тои онро бо пирӯзӣ ва чортоашро бо бохт анҷом додааст.
Муин Ғафуров бо қади 170,18 см ва вазни 64 кило дар муҳорибаҳои омехта бо лақаби Тоҷик баромад карда, ду бор қаҳрамони самбои ҷаҳон (WCSF), қаҳрамони ҷаҳонии грэпплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон дар MMA (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалии самбои размӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0