Эълони ҳукми Амриддин Аловатшоев дар боздоштгоҳ

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи в зале суда
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Мурофиаи додгоҳии Амриддин Аловатшоев дар боздоштгоҳи муваққатии рақами яки шаҳри Душанбе бидуни иштироки наздиконаш баргузор шудааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Амриддин Аловатшоев, ки аз роҳбарони ғайрирасмии зодагони ноҳияи Роштқалъа дар Русия муаррифӣ мешуд, ба 18 соли зиндон маҳкум гардидааст.
Дар ин бора дар сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа дар Тоҷкистон хабар дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ таҳти роҳбарии додраси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор гардидаст.
Феълан мақомот расман ин иттилоъро шарҳ надодаанд ва ҳамчунин назари худи Аловатшоеву ҷониби ҳимояаш низ дар бораи ин қарор маълум нест.
Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Амриддин Аловатшоев гуфт, ихтиёрӣ аз Русия баргашту худро ба мақомот супурд
Қаблан Аловатшоев аз тариқи телевизиони "Бадахшон" бо қироати як муроҷиатнома изҳор дошт, ки ихтиёрӣ худро таслими мақомоти Тоҷикистон кардааст. Дар муроҷиатномаи нашршуда Аловатшоев аз корҳои кардааш изҳори пушаймонӣ намуда мегӯяд, хатоҳояшро фаҳмидааст.
Ӯ гуфт, 11-уми январ, баъди он ки фаҳмидаанд, ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав алайҳи ҳодисаҳои моҳи ноябрии Хоруғу Роштқалъа ғайриқонунӣ будааст, қасди фирор ба Украина намудааст.
Вай идома дод, ки дар наздикии марз фикрашро тағйир дода, нахостааст, як умр фирорӣ бошад ва бинобар ин ба Маскав баргашта, аз он ҷо ба Душанбе парвоз кардааст. Ӯ афзуд, ки дар Душанбе худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст. Ӯ таъкид намуд, ки тавба кардаасту баъди ба озодӣ баромадан ба хидмати наздиконаш машғул мешавад.
Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфта буд, Амриддин Аловатшоев дар ташкили издиҳоми ғайриқонунӣ айбдор мешавад.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Раҳмон тасдиқ кард, ки Амриддин Аловатшоев дар Душанбест
Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВУД ҶТ, гуфт, Аловатшоев барои гирифтани гаравгон, аз озодӣ маҳрум кардан ва дигар ҷиноятҳои хусусияти муташаккилдошта ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Аловатшоеви 44-сола, зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард.
Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд.
Лентаи хабарҳо
0