Эълони омори гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Русия

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксТуристы гуляют по Красной площади в Москве
Туристы гуляют по Красной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳолатҳои бистарӣ шудани беморон бо коронавирус дар табобатхонаҳои Русия тайи шабонарӯзи гузашта ҳудуди 44% коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Табибони Русия шабонарӯзи гузашта қариби 1,5 ҳазор нафарро бо бемории коронавирус бистарӣ кардаанд, хабар дод Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии COVID-19.
"Шумораи умумии бистаришудаҳо дар шабонарӯзи охир нисбати рӯзи қабл 44% кам шуда, 1442 нафарро ташкил дод", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки раванди афзоиш дар 12 минтақа ва коҳиш дар 70 музофоти Русия сабт гардидаст. Вазъ дар 3 минтақаи дигар бетағйир боқӣ мондаст.
Дар зимн дар як шабонарӯз 8 ҳазору 733 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд, ки дар муқоиса бо 30 апрел камтар аст.
Рано Амирбекова - пизишки амрози дарунӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Бо иродаи қавӣ ба минтақаи сурх. Корнамоиҳои табиб ва ризокори ҷавони тоҷик дар Маскав
Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Русия, Михаил Мурашко ҳушдор дод, ки моҳи июн хатари афзоиши ибтило ба коронавирус баланд аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, ки моякӯбӣ кунанд.
"Ҳоло эмгузаронии такрорӣ хеле муҳим аст, зеро тибқи пешгӯиҳои мо, дар моҳи июн, охири моҳи май, шояд дар моҳи июн хатари зиёд шудани беморӣ баланд аст, зеро иммунитети оммавӣ паст мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, то дубора зуҳур кардани мавҷи беморӣ мунтазир нашуда, ба пешгирӣ машғул шудан лозим аст.
Қаблан раиси Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дода буд, ки бо вуҷуди коҳиши мизони бемории COVID-19 дар Русия, пандемия то ҳол хотима наёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0