Гароншавии интернет, “ғайбзанӣ”-и сомонӣ ва ҷанҷоли марзӣ - апрел дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Моҳи рафта бо навбатҳои тӯлонӣ пушти бонку банкоматҳо ва нархҳои гарони “рамазонӣ” ва даргирии марзӣ дар хотири сокинони кишвар монд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар моҳе, ки ба анҷом мерасад, моҳи барои мусалмонон муқаддас – Рамазон фаро расид.
Баробари хурсандии сокинон аз фарорасии ин моҳи покӣ, шикоятҳои онон аз болоравии нархҳо дар бозорҳо авҷ гирифт.
Ба болои ин, дар аввали моҳ “ғайбзанӣ”-и пули миллӣ аз банкоматҳо ҳамаро ҳайрон кард: сокинон аз минтақаҳои гуногун шикоят мебурданд, ки маблағҳои дар корташон бударо ба даст оварда наметавонанд ва соатҳо пушти дари бонкҳо навбат мепоянд.
Дар ин моҳ даъвати баҳорӣ низ оғоз шуд ва вазорат хабар дод, ки нахустин шуда ВМКБ ва деҳаҳои Воруху Чоркӯҳ нақшаро пур карданд. Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд наворе ҳам паҳн шуд, ки корбарон онро чун “сарбозшикор” ё “облава” маънидод мекарданд.
Sputnik Тоҷикистон ин ва дигар рухдоду ҳодисаҳои хотирмони апрелро ба ёд меорад.

“Дилзанак”-и моҳи апрел

Кадрҳо дар кишвар маъмулан дар як сол се-чор бор иваз мешаванд, ки як давраашон қариб ҳар сол ба моҳи апрел рост меояд, фаъолон онро ба истилоҳ дилзанак ном мебаранад.
Дилзанаки инбора соҳаҳои маориф, молия, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва авиатсияро фаро гирифт.
Аз авиатсия ба маориф. Ба Субҳонзода вазифаи нав доданд
Чунончи, Субҳонзода Икром Субҳон аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон озод гардида, бо фармони раисҷумҳур директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент, Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илм, Усмонзода Аюб Ислом ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардиданд.
Ҳамчунин, Қурбониён Сарвар Собир муовини вазири молия, Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Тоҷикистон таъйин шуданд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири маориф, директори мактаби президенти дар Бӯстон, ректори донишгоҳи давлатии Хуҷандро иваз кард.

То кай? Боз таниш дар марз

Масъалаи марзӣ барои Тоҷикистон ва Қирғизистон мисли ҷароҳати кӯҳнаест, ки малҳамашро наметавонанд пайдо кунанд. Мобайнҳои моҳи апрел марзи ҷумҳуриҳо боз ноором шуд.
12 апрел манобеъ аз кушта ё шадидан захмӣ шудани марзбонони тоҷику қирғиз дар паи даргирӣ дар сарҳад хабар доданд.
Ҳамзамон гузоришҳо аз таҷаммуи нерӯҳои низомӣ дар имтидоди марзи ду ироа шуданд.
Ин дафъа вазъ дар қисмати марзии миёни рустои Жани Жери ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон печид. Тирандозӣ дар пайи як ихтилофи лафзӣ миёни сарбозон ба вуқуъ пайвастааст. Он соати 18:20 дақиқаи бегоҳ сар задааст.
Траншея на таджикско-киргизской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Аз нархи гарон то қочоқ: мушкилоти ҳалношудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуд
Задухӯрди мусаллаҳона аз он шуруъ шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст.
Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд.
Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмин гардидааст. Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захминшударо бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, сипас аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Дар натиҷа дар ду сарбози тоҷик шадидан захмин шудаанд.
Худи ҳамон рӯз мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи берун бурдани нерӯҳои иловагӣ аз минтақаҳои наздисарҳадӣ ба тавофуқ расиданд.
Бар асоси созиш, нерӯҳо ва техникаҳои иловагӣ бояд аз маҳалли даргир дар марз ба ҷои доимияшон бурда мешунданд.
13 апрел ҳамсояҳо боз сари мизи музокирот нишастанд. Натиҷаи ин музокироти яку нимсоатӣ бо имзои як протокол ва қарори ба имзо расонадани протоколи марзӣ ба анҷом расид. Ҳамчунин таъкид шуд, ки сабабҳои ҳодисаҳои охир муайян карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳи байни сокинони наздимарзӣ бештар гузаронида шавад.

Интернет гарон шуд

Аввали моҳ бузургтарин ширкати мухобиротии Тоҷикистон, "Tcell", ки 60 дарсади бозори мухобиротиро дар ихтиёр дорад, барои истифода аз баъзе тарофаҳои интернетрасон муштарипулии моҳона ҷорӣ намуд.
Якбора даҳҳо муштарии ширкати "Tcell" аз истифодаи шабакаи интернет бебаҳра монданд.
Қимати интернет дар Тоҷикистон афзуд: муштарипулӣ ҷорӣ кардаанд
Баъдтар сабаби ин мушкили пешомада маълум шуд, ки нокифоя будани маблағи тавозуни симкорти муштарӣ ба андозае, ки ширкат барои ҳар моҳ муқаррар намудааст, будаааст.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли намояндаи "Tcell", дар хизматрасонии ду тарофаи интернетрасони ширкат, “Ҳамкор” ва “Бизнесмен” тағйирот ворид шуда, ба ғайр аз маблағи истифодаи мегабайтҳо минбаъд ҳар моҳ аз ҳисоби симкорт муштарипулӣ ба андозаи 5 сомонӣ ситонида мешавад.

Коргоҳи нави тило дар Тоҷикистон

Хабарҳои хушбинкунандаи моҳ маълум шудани ба таври рекордӣ афзоиш ёфтани содироти нассоҷӣ дар кишвар ва ифтитоҳ ёфтани як коргоҳи дигари коркарди тило буд.
Чунончи, давоми ду моҳи соли 2022 ҳаҷми содироти нассоҷӣ ва маснуоти аз ин мавод омодашуда беш аз 20% афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон аз ин гуна молҳо ҳудуди 70 миллион доллар даромад гирифт.
Содироти маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт
Коргоҳи тилобарорӣ бошад, дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ ҳангоми сафари президент ба ин минтақа ба фаъолият шурӯъ кард.
Иқтидори коргоҳи холисгардонии тило ва нуқраи корхонаи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар як сол ба 4 тонна тило ва 1 тонна нуқра баробар буда, консентрати маъдан аз конҳои "Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" истихроҷ мегардад.
Захираи умумии кони "Кумарғи Боло" 51, "Дуобаи Шарқӣ" 23,7 тонна ва дар умум 74,7 тонна тило баровард шудааст.
Лентаи хабарҳо
0