"Сбербанк" фоизи қарзҳояшро поин бурд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузаштан ба хазинаи аксРабота офиса Сбербанка РФ, архивное фото
Работа офиса Сбербанка РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар пайи поинравии меъёри бозтамвил дар Русия "Сбербанк" низ фоизи қарзҳояшро поин бурдааст. Дар зимн суди пасандозҳо низ кам карда шудааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Фоизи қарзҳо ва суди пасандозҳо дар "Сбербанк" аз оғози май поин бурда шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти бонк, қарзҳои истеъмолӣ 2 банди фоизӣ камтар то ба 17,7%-и солона расонда шуданд. Ин қарз барои мизоҷоне, ки аз тариқи кортҳои бонкии "Сбербанк" маош мегиранд, дастрас мебошад.
Инчунин бонки мазкур фоизи қарзҳои ипотекӣ барои биноҳои навбунёд ва дасти дуюмро 13,9% муқаррар кард.
Суди пасандозҳо ба ҷои 16%-и қаблӣ то ба 12%-и солона кам карда шудаст. Ин ҳадди аксари суд барои гузоштани амонат дар ин бонк мебошад.
ЦБ сделал заявление на введение санкций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Коҳиши ғайримунтазираи меъёри бозтамвил дар Русия
Ин тағйирот дар ҳолеянд, ки ахиран меъёри бозтамвил дар Русия ба андозаи 3 банди фоизӣ поин бурда шуд.
Шӯрои мудирони Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро ба андозаи 300 банди заминавӣ поин бурда, дар ҳадди 14%-и солона муқаррар кард. Даҳаи аввали моҳи апрел Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро аз 20 то ба 17% кам карда буд.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказӣ дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ва эълони таҳримоти густурда алайҳи Маскав меъёри бозтамвилро то 20% боло бурда, ҳадафи онро коҳиши таъсироти манфӣ ба иқтисоди мамлакат хонда буд.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Лентаи хабарҳо
0