Таманниёт ва тавсияҳои Раҳмон ба тоҷикистониён дар арафаи иди Фитр

© Sputnik / Амир ИсаевНамаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе
Намаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мардум даъват намуд, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфта, дар мавриди шеваи таҷлили он тавсияҳо дод.
Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ояти 60 сураи "Тавба"-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст, афзуд ӯ.
"Мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем", - таъкид кард раисҷумҳур.
Вай соли равонро вазнин арзёбӣ карда, илова намуд, ки таъмини аҳолии бисёр кишварҳои олам бо маводи ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Бо зикри ин аз тоҷикистониён даъват намуд, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
"Дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити мусоид фароҳам оварем", - маслиҳат дод Раҳмон.
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Эълони рӯзи Иди Рамазон ва вақти намоз дар Тоҷикистон
Вай дар охир барои ҳар тоҷикистонӣ ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу намуд.
Иди Фитр дар Тоҷикистон 2 май таҷлил мешавад. Намози Иди Рамазон соати 06:00 дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар оғоз мешавад.
Тибқи анъана, сокинон пас аз адои намози ид ба зиёрату аёдати қабристону қабри аҷдодони худ, пиронсолон, падару модарон, беморон, ятимон ва наздиконашон мераванд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба шодбоши ҳамдигар меоянд.
Лентаи хабарҳо
0