Бо мошин ба мактаб рафтӣ, модаратро ҷазо медиҳанд: қонуни нав дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вакилони парлумон тағйирот ба қонун дар бораи масъулияти падару модарро қабул карданд, ки интизор меравад, мактабравии хонандаҳоро бо мошин пешгирӣ кунад
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Волидон дар Тоҷикистон қонунан уҳдадор шуданд, ки бе доштани иҷозатномаи ронандагӣ ба фарзанд идораи нақлиётро иҷоза надиҳанд.
Тағйирот дар ин бора ба қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар ҷаласаи ахири парлумон қабул гардид.
Ба итилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", вакил Насиба Содиқӣ, зимни тавзеҳи тағйирот гуфт, бар асоси он бояд волидон ба фарзанд барои рондани воситаҳои нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ иҷозат надиҳанд.
Ҳамчунин таъкид шудаст, ки волидон уҳдадоранд, пеши роҳи фарзандеро, ки сари чанбари мошин ба муассисаи таълимӣ рафтанист, гиранд.
Председатель Верховного суда Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Нигаронии Шоҳиён аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон
Рустам Латифзода, яке аз муаллифони тағйирот изҳор доштаст, ки дар баробари роҳ надодани идораи воситаи нақлиёт ба сӯи муассисаи таълимӣ, падари модар ҳамчунин вазифадор шудаанд, маърифати экологии фарзандро тақвият бахшанд.
"Масъалаи фарҳанг ва маърифати экологӣ ҳоло ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, тарбияи фарзанд дар ин самт ба баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, ҳифз ва нигоҳ дош­тани объектҳои олами наботот ва ҳайвонот мусоидат хоҳад кард", - афзуд ӯ.
Латифзода мегӯяд, тағйирот ба қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ба ҳифзи саломатӣ, риояи рафтору одоби таҳсилот, зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба донишомӯзӣ ва дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва хоксорӣ тарбия намудани фарзандон равона шудааст.
Таъкид шудаст, ки риоя нашудани уҳдадориҳои волидон дар тарбияи фарзанд ҷавобгарӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0