Аз ҳисоби андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети кишвар беш аз 3,5 млрд. сомонӣ ворид шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки дар се моҳи аввали соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети кишвар беш аз 3,5 млрд. сомонӣ ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 ба андозаи 103,3% таъмин гардид.
Манбаъ хабар додааст, ки ба буҷети давлатӣ ба ҷойи 3 млрд 451 млн сомонӣ 3 млрд 565,6 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 114,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 106,3 дарсад, вилояти Хатлон 101,8 дарсад, вилояти Суғд 106,1 дарсад, шаҳри Душанбе 102,1 дарсад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 102,6 дарсад таъмин карда шуд.
Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Кумитаи андоз: Блогерҳои тоҷик беш аз 100 ҳазор сомонӣ андоз супориданд
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон аз тарафи Кумитаи андоз дар натиҷаи анҷом додани ҳама намуд корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо дар маҷмӯъ 484 млн. сомонӣ маблағи андозҳо ошкор карда шуд.
Аз ҳисоби маблағҳои дар натиҷаи корҳои назоратӣ ошкоршуда бо дарназардошти маблағи бақияи солҳои қаблӣ ба буҷет 375 млн. сомонӣ ворид карда шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи андоз ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн сомонӣ зиёд будааст.
Манбаъ илова кардааст, ки барои ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда ва ба буҷет ворид намудани маблағҳо чора қатъи андешида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0